Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
дастгирӣ накунанд ҳам, мақсад иҷро хоҳад гардид. Баъд аз он ки дар ин дода-мо боз қадамҳои дуввуму сеюму ..... садумро мегузорем, аллакай хатоҳои мо хеле кам гардида, бо дастгирии коллектив ва дигар атрофиён ба мақсади олии хеш мерасем.
- Қадами сеюм, дар ин ҷода низ муайян кардан ва ҷудо кардани мақсадҳои асосӣ аз дуввум ва сеюмдараҷа буда, дар ҳар як давраи муайян назорат намоем, ки мо боз ба чӣ муваффақиятҳо ноил гаштем ва дар кадом самт ҳаракат дорем, мабодо аз роҳи асосӣ набаромада бошем?
Барои дилпурона боз қадам ба пеш ниҳодан доимо ба се саволи асосӣ ҷавоб доданро фаромӯш накунед:
❖ Кадом фикру ақида ё мақсад асосӣ мебошад?
❖ Кадом зинаи таваккалро интизор ҳастед?
❖ Қарори Шумо ба атрофиён чӣ хел таъсир мерасонад?
Агар ҷавоби саволи якум ба донишу хираду дарки масоил аз тарафи худи Шумо вобастагии қавӣ дошта бошад, пас ҷавоби саволи дуввум фикрронии шуморо аз ҳудуди донишатон берун бароварда, онро ба майдони рақобат ворид месозад ва ба қуввасанҷӣ даъват намуда, бурдатон ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза он тайёрии хонагии шумо мустаҳкам ва нисбат ба дигарон сусту қафомонда намебошад. Ҷавоб ба саволи сеюм имкон медиҳад, ки боз киро метавон барои кӯмак даъват намуда, истифода кард, яъне ин фикрҳою мақсадҳои Шумо боз ба кадом гурӯҳи одамон манфиат оварда, онҳоро метавонад ҳавасманд гардонад. Инчунин, баръакс ба кӣ таъсири манфӣ расонида, бозорашро танг менамояд ва ӯ дар навбати хеш ба Шумо чӣ тарз метавонад таъсир расонад.
- Қадами чорум, интихоби роҳи дурусти фикру ақида, баъди таҳлилҳои
чуқур буда, аллакай характеру мазмуни интихоби фикру ақида, муҳит ва
атрофиёну имконотро аз сари нав баҳо ва тағйир дода, акнун қадами
мустаҳками боғайратонаи нав мегузоред ва боварии қатъӣ доред, ки ба
мақсадатон мерасед. Шумо аз он камбудиҳои аввалин хеш, аз дӯстони
беғайрат ва рақибони худ халос гаштаед, ба онҳо нишонагирӣ надоред ва
боз рақибони дигарро низ хеле хуб ба инобат гирифтаед ва усули наву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор