Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Оё худи ман барои иҷроиши мақсадҳоям тамоми корҳоро ба анҷом расонидам?

  2. Боз кадом омилҳои номукаммале вуҷуд доранд, ки фикру ақидаҳои ман амалӣ намегарданд?

Вақте ки ҳар як роҳбар ба ин саволҳо ҷавоби дуруст ёфта мегирад, он гоҳ метавон гуфт, ки вай раванди асосии роҳи ҳаёти хеш ва роҳбариашро дуруст муайян сохтааст ва дар интихоби касб хато накардааст.

Мавҷуд набудани фикру ақидаҳо ва орзуҳою мақсадҳои аниқ чӣ дар зиндагӣ ва чӣ дар фаъолияти роҳбарӣ ҷароҳати вазнини рӯҳии инсоният буда, оқибат ӯро ба нобудшавӣ оварда мерасонад.

Аксар маврид мо аз он ноумед мегардем, ки дастгирони хешро ва ё ҳамфикру ҳаммақоми худро дар зиндагӣ пайдо накарда, боз ба ноумедиҳо дучор шуда, аз мақсадҳои наҷиби худ даст мекашем. Бояд таъкид созем, ки муҳит низ тағйирёбанда буда, боз замоне фаро мерасад, ки қувваҳои нав пайдо гашта, Шуморо хеле хуб мефаҳманд ва нисбати пештара хубтар дастгирӣ менамоянд. Барои ба дастгирии ақидаҳо ва фикрҳо ноил гаштан, зарур аст ҳар як роҳбар барои дастгирии коллективӣ қадамҳои зерин гузорад:

  1. Дар ҳақиқат дуруст муайян сохтани талаботи коллектив ба фикру ақидаҳои навин, яъне мақсадҳоро ба ҳолатҳо мувофиқ намуда, кӯшишро ба он равона созем, ки фикру ақидаҳо, талаботи гурӯҳи муайянеро, ки моро дастгирӣ менамоянд ва истеъмолкунандаи бозори моли мо мебошанд, қонеъ гардонида тавонанд. Пас, фикру ақидаҳо бояд дар натиҷаи таҳлили амиқи ҳолатҳо ва имконоти мавҷуда қарор гирифта, манфиатнокии ҷамоатро таъмин карда тавонанд.

  2. Баҳои дуруст додан ба захираҳои мавҷуда ва имконот. Ин қадам низ хеле мураккаб аст, чунки баҳои аниқу дуруст додан ба ҳар як захираи мавҷуда ва имконпазири ташкилот ва ё даста ғайриимкон аст. Махсусан, одамшиносӣ, яъне қобилияту ғайрати одамонро дар ҳолатҳои гуногун дуруст пешакӣ муайян карда намешавад. Аксари одамон фақат дар вақту рӯзи вазнини чеҳраи аслии хезшро нишон медиҳанд, ки то ин вақт касе онро пайхас намекард. Ба ҳар ҳол вазифаи роҳбарӣ он аст, ки доимо имконотро нисбат ба зарурат баландтар муайян созад ва агар 25-30%

пешина
аз 566
навбатӣ