Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
- Давраи оғози роҳбарӣ дар синну соли 20 -24 солагӣ.
- Давраи бадастории донишҳо ва баъзе хислатҳои роҳбарӣ 25 - 35 солагӣ.
- Таҳлили дастовардҳо ва имконоти болоравӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ 36 - 50 солагӣ.
- Ҷамъбасти муваффақиятҳои роҳбарӣ ва тайёрӣ ба анҷомрасии вазифадорӣ 51 - 60 солагӣ.
- Гузаштан ба кору фаъолияти ғайрироҳбарӣ 61 - 70 солагӣ.
Пас, бояд андешаи онро дошта бошем ва дуруст дарк намоем, ки ҳар як пасоянди дигари насли инсонии мо низ чунин орзую ҳавас, фикру ақидаҳо ва мақсадгузорӣ дошта, аз қафои мо қадам ба қадам омада истодаанд. Онҳо мавқею мартабаи роҳбарии моро хеле хуб муайян сохта, дар иҷрои фикру ақидаи мо камар мебанданд ё не, аз рафтори ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Аз тарафи дигар, талаботи давру замон, боз ба мо навгонӣ ва ихтирооти навини худро доранд, ки моро ба ҳайрат меоранд ва баъзан вақт фикру ақидаҳои кӯҳнашудаи моро фарсангҳо роҳ ба қафо мепартоянд.
Талошкорӣ ва ҷидду ҷаҳд дар фикру ақидаҳои навин ин санги қимматбаҳое мебошад, ки аз уҳдаи амалигардонии мақсадҳои хурду бузург мебарояд ва муваффақиятҳоро соҳибатон мегардонад.
Ҳосилнокии меҳнати роҳбарӣ ин натиҷаи ҳамон асосноккунӣ ва кӯшишу ғайрат ва вақту роҳе мебошанд, ки ҳар яки мо истифода менамоем. Ҳар қадар онро дақиқ ва дурусту сари вақт пешниҳод карда тавонем, ҳамон қадар имкони мо барои дастгирӣ зиёд гашта, ба муваффақиятҳо ноил мегардем. Пас, мо бояд тарзу усули асосноккунии хоси фикру ақидаҳои хешро дошта бошем.
Пеш аз ҳама худи мо бояд дарк намоем ва боварии калон дошта бошем, ки ин фикру ақидаҳо моро ба қуллаҳои баланди умед бурда мерасонанд ва дар ҳақиқат ин фикру ақидаҳои аслии моанд. Барои боз ҳам боварии пурра ба фикру ақидаҳои хеш пайдо намудан, гаштаю баргашта ба саволҳои зерин ҷавоби мувофиқ пайдо намоед:
- Кадом фикру ақидаҳо барои ман мақсади асосӣ аст?
- Оё фикру ақидаҳои ман ба якдигар мувофиқанд?
- Пайдарпайӣ ва манфиатнокии онҳоро ман дуруст дарк кардам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор