Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
чунки ақида ва фикрронӣ нигоҳи мо ба оянда аст. Оянда бояд шукуфон ва мақсад аз ин фикру ақидаҳо низ бояд инкишоф ва ташаккул бошад. Пас, дар ҳар як вақту давру замон дар назди роҳбарони синну соли гуногун фикру ақидаҳои мухталиф пайдо мегарданд, ки бо тарзу иҷроиш ва мақсади худ фарқкунанда мебошанд. Аз ин нигоҳ ҳангоми фикру ақидаронии роҳбарӣ ҳар як роҳбар вазифадор мебошад, ки бе ягон фикрҳои ғаразнок ба коллектив пурра ва кушода фикру ақидаҳои хешро баён ва пайравону тарафдорони хешро пайдо созад, то тавонад онро ба вақту давру замон мувофиқ сохта, кору фаъолият намоянд. Аз тарафи дигар, ақида ва мақсадгузорӣ ин худ нишони зинаи инкишофи роҳбар аст. Коллективи боқувват инро зуд ҳис карда, зинаи донишмандӣ ва хиради роҳбарро муайян сохта, оид ба рафтори хеш нисбат ба қарору вазифаҳо ва фикру ақидаҳои роҳбар хулосаи зарурии худро муайян месозад. Бинобар ин, кушоду рӯйрост мақсадгузорӣ ва фикру ақидаҳои худро шуҷоатмандона пешниҳод намудани роҳбар имкон медиҳад, ки як қатор бурдбориҳои зерин ба даст биёред:
-
Оид ба эҳтироми худ ва фикру ақидаатон дар коллектив хулосаи зарурӣ пайдо месозед.
-
Барои дуруст будани фикру ақидаҳо ва роҳи интихоби мақсадҳои хеш боварӣ ҳосил мекунед.
-
Баҳои хуби вақту замони роҳбарии хешро муайян месозед.
-
Аз муваффақиятҳо рӯҳу иқболи тоза гирифта, боз ҳаваси самаранок меҳнат кардан мекунед.
-
Қувваю ғайрати хешро боз ба вақту масъалагузории аниқи саривақтӣ равона месозед.
-
Пайдарпаии мақсадгузорӣ, ақидаронӣ ва иҷроиши онро талаб менамоед.
-
Ба шахсони ноқобил назар афканда, бовар мекунед, ки онҳо дар ҳақиқат дар ҷояшон карахт шуда, умри худро танҳо ба корҳои ҷории рӯзгор сарф карда, аз дунё бенишон мераванд.
Фикрронӣ ва ақидагузории стратегӣ ҳар як роҳбарро боз аз дигар ҳолатҳою таъсирҳои одамони камғайрату сустинкишофёфта ҷудо месозад. Агар мо аз нигоҳи вақтшиносии мақсадгузории роҳбарӣ гӯем, донишмандон ин давраҳоро чунин табақабандӣ намудаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор