Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Қоидаи чоруми боваркунии фикру ақидаҳо, ба ақидаи аксари донишмандон вақтшиносии роҳбарӣ буда, ҳар замон фаъолияти хешро таҳлил карда, дар андеша бошед, ки худ дар куҷо, дар кадом зинаи вақти роҳбарӣ ва кадом нуқтаи чархи роҳбарию кадом синну соли роҳбарӣ қарор доред. Муҳим он аст, ки бо шинохти вақт шумо худро мешиносед, мардумро мешиносед ва роҳбариро мешиносед. Вобаста аз ин масоили мураккабу зарур, ҳар як роҳбар бояд тамоми қувваро ба он равона созад, ки вақти ҳаётии худро шиносад ва самараноқ истифода намуда, ба мақсади асосӣ «Зиндагонии хуб» бирасад.
Роҳбаре ки ин қоидаи муҳиму табиии роҳбариро медонад, эҳтироми баландро сазовор аст. Бубинед, ки дар табиат ҳама чиз чун оина нишон дода шудааст. Ба рӯшноии моҳ нигаред, ки дар вақти пурра шуданаш баланд шуда, баъдан оҳиста-оҳиста боз кам шуда, рӯшноиаш низ кам мегардад. Дар ҳақиқат, таҷрибаи зиндагонӣ бисёр ҳолатҳоеро низ медонад, ки мо ин ё он вазифа ва ё мақсади иҷронашударо мехоҳем берун аз вақт иҷро намоем, вале, Афсӯс!, Афсӯс! ва сад афсӯс!, ки он лаззат нест ва он кайфият нест ва он ҳолату вақти зарурию даркорӣ нест! Афсӯс!, Афсӯс! ва сад афсӯс!, ки моҳ охир шуд.
Хирадмандони тоҷик чунин таъкид доранд, ки «Харбузаро дар мавсими харбуза хӯрдан ширин аст ва маззаи харбузаро дорад» ва ё бисёр ҳолатҳо мӯйсафедону бибиҳои барҷомондаамон, ки бо мо дар як дастархон нишаста хӯрок мехӯранд, бо афсӯс мегӯянд, ки хӯроки хеле бомаззаю дандон ки нест, лаззаташро намефаҳмем ва сад афсӯси ҷавонию қуввату лаззатамон - гӯён, оҳи чуқур мекашанд.
Бинобар ин, дар хиради роҳбарӣ таъкид карда мешавад, ки роҳбари одилу донишманд, бояд пайдарпаии мақсадгузориҳои хешро вобаста аз вақту соаташ чунон ба роҳ гузорад, ки ҳатто аз чӣ хел иҷро шудану тарафдорӣ кардани он худаш бедарак монад ва дар пирӣ афсӯс нахӯрад.
Бинобар ин, фикрронӣ, ақидаҳо ва нишонагирии иҷроиши мақсадҳо, пеш
аз ҳама ба вақти соати зиндагонии мо ва вақти замони роҳбарии мо бояд
пайваста бошад. Мақсади асосии омӯзиши ин қоида аз он иборат мебошад, ки
вобаста аз вақт фаъолият, хоҳиш ва фикрҳои беҳтаринаминро, ки моро ба
мақсадҳои наҷиб бурда мерасонад, аз худ берун сохта, бо иродаи қавӣ
фаъолнокии роҳбарии худро дар вақти замони зарурӣ нишон дода тавонем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор