Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
гуфторҳо ва зарбулмасалҳо мавҷуданд: «Ҳар як кас кардагиашро мебинад; Ҷав коред ҷав мегиред, арзан коред арзан; Дари касро ба ангушт мазанед, то даратонро бо мушт назананд ва ғ.». Ин нуқтаро устод Рӯдакӣ хеле шоирона ба қалам додаанд:
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Дар хотир дошта бошед, ки дар сурати ба касе агар муносибати беадолатона кардан, ин беадолатии даҳқарата бар сари худатон бармегардад.
Чунин қоида қонуни нонавиштаи зиндагонӣ буда, ҳеҷ як шахс ё роҳбаре ӯро дигар карда наметавонад, вале риояи ин қоида имкон медиҳад, ки шуморо дигарон дӯст доранд ба фикру ақидаҳоятон бовар карда, онро амалӣ гардонанд ва бо мақсадҳои олии роҳбарӣ бирасед. Ҳар роҳбаре ки ин қоидаро риоя наменамояд, ба азоб гирифтор шуда, эътибори баланд пайдо карда наметавонад, яъне ин қоидаи оддӣ таҷссумгари арзиши баланди рафтори роҳбарӣ ва роҳи асосии бамақсадрасӣ мебошад.
Қоидаи дуввуми боваркунонии ақидаҳо ин ибодати Шумо мебошад, яъне роҳбари ташкилот ва муассиса ва умуман тамоми роҳбарон бояд ҳама расму оинҳои динию халқиро ба ҷо оранд. Аз тарафи дигар, ботини роҳбар бояд ба он арзишҳое, ки кулли кормандон мепарастанд тоза бошад ва ӯ дигаронро барои чунин тозагӣ ҳидоят намояд. Дар он ҳолат кормандону зердастонатон Шуморо бо дилу ҷон дӯст дошта, ақидаю фикрҳоятонро дастгирӣ менамоянд.
Махсусан, бояд қайд кард, ки барои мардуми мусулмон фириб ё дурӯғгӯй торикӣ ва ё нобиноии имон буда, роҳбарони дурӯғгӯю фиребгарро сахт маҳкум менамоянд.
Қоидаи сеюми боваркунонии фикру ақидаҳо барои ҳар як роҳбари соҳибхирад дарк намудан ва донистани қоидаҳои «Чӣ бояд кард ва чӣ тарз бояд кард» мебошад. Аксари донишмандони тоҷик дар он ақидаанд, ки пеш аз оғози коре ва ё фаъолияте бояд онро чандин маротиба гаштаю баргашта омӯхта, аз худ карда, бо маслиҳати донишмандон аз бузургону хирадмандону устодони хеш дуо гирифта, баъдан шурӯъ намоед, то коратон барор гирифта, мардум Шуморо эҳтиром ва бовар кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор