Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сабрро бо ҳақ қарин кард, эй фалон,
Охири «Ва-л-аср» - ро огаҳ бихон.
Сад ҳазорон кимиё Ҳақ офарид,
Кимиёе ҳамчу сабр Одам надод.

Хонандаи азиз, дар охири ин мавзӯъ мехостем каме оид ба бесабрию беандешагии баъзе аз шахсиятҳо, ки лаҳзае ба худ назар накарда, чунин рафтор менамоянд ва инсонҳоро нобуд, шаҳрҳоро вайрона ва дилҳоро сиёҳ месозанд, андешаронӣ намоем. Як лаҳза агар ба ташаккули олии асаби хеш назар афканед, он гоҳ мебинед, ки ҳар яке мову шумо дар «Корвони бузурги марг», ки ҳар лаҳза бо амри Худованди пок эҳтимоли рафтан дорад, қарор дорем.

Оё меарзад, ки дар ин як лаҳза дилсиёҳу бахилу кӯрбин бошем?

Оё меарзад, ки инсонҳоро нобуд сохта, худ аз роҳбарӣ ҳаловат бубарем?

Оё меарзад, ки табиати зебои инсонпарварро ба харобазору биёбон табдил дода, дар дили инсонҳо ба бадхоҳӣ захм гузорем?

Ман боварӣ дорам, ки инсонҳо дар назди Худованд ҳама якранг ҳастанд, на миллат, на ранги пӯст ва на маҳалли зист ба касе бартарият ва ё камие намедиҳад, фақат имони поки Худовандӣ, накӯӣ ва накӯкорӣ ба мардум, инсонпарастӣ, дилсофию хайрхоҳӣ ва дӯстию бародарию баробарӣ, адлу инсоф кору бори ҳар як роҳбарро асрҳои аср зиндаю ҷовид мемонад.

Мебояд дар кору бори ин дунёи фонӣ саросема нашуда, бо сабру тоқат андешаи некномии умри дурӯзаро бибояд кард, ки ҳазору солаҳо боз насли оянда моро бо некӣ ёд карда, мазорамонро зиёрат кунанд.

47.3. Қоидаҳои асосноккунии хоҳишу ақидаҳо ва
ҳамҷоякунии манфиатҳо дар менеҷменти тоҷик

Барои он ки фикру ақидаҳоятонро дигарон эътироф ва дастгирӣ намоянд, қоидаҳое вуҷуд доранд, ки ҳар як роҳбар бояд риоя кунад.

Дар навбати аввал, муносибат бо дигарон бояд дар асоси қоидае ташкил
карда шавад, ки бо Шумо мувофиқи рафторатон муносибат намоянд. Ин қоида
дар гуфтору рафтори халқи тоҷик чунон мақбул аст, ки дар атрофи ин чандин

пешина
аз 566
навбатӣ