Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
баруъло ҳис менамоем. Ин ҳайкалҳо нишоная шаъну шарафи мардони бузурги дар инкишофи кулли ҷомеа саҳми сазовордошта буда, аз намуди зоҳириашон моро ба ояндаи нек ҳидоят намуда, бовариямонро ба ин ё он фаъолият ва умуман ба ояндаи дур мустаҳкам месозанд.
Бояд қайд кард, ки дар дунё ҳастанд одамоне, ки ниятҳои ғаразноки ҷангхоҳӣ дошта, намехоҳанд ҷамъият бо роҳи ақлонӣ инкишоф ёбад. Миқдори ин гуна одамон хеле каманд, вале афсӯс, ки баъзе мавридҳо аз қафои худ шахсони зиёдеро мебаранд ва ташкили ҷангҳои байнидавлатӣ ва ё дохилидавлатӣ мехоҳанд боигарӣ ва ё ҳокимият ба даст биоранд.
Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ягон давру замон, ҳеҷ як роҳбари хирадманд бо роҳи ҷанг молу сарҳат ба даст наовардааст, балки баръакс молу пул хароҷот карда сари роҳи ҷангро гирифтаанд. Бинобар ин, мо дар он ақида мебошем, ки вақте ба фарзанд миқдори муайяни молу пул боқӣ гузошта, ӯро боз бо меҳнати ҳалол соҳиби молу чиз карданиед, он гоҳ дар ҳақиқат дар ҷомеа мероси иҷтимоӣ боқӣ мегузоред, ки боз чандинсолаҳо ба ояндаи инсонҳо хизмат менамоянд. Пайвастагии иҷтимоии мову шумо бо роҳи мавқеъ ёфтан дар дили кӯдакону наврасон, ки ояндаи мо мебошанд ҷараён мегирад ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳар чӣ бештар ба онҳо шуғли писандидаи ояндадорро пешниҳод намоем, то дар баробари бузург шудан удашон чӣ тавр ба ин машғулият дохил шуданашонро пай набурда, ба он шуғл шавқу рағбати калон дошта бошанд.
Аз ин ҷо гуфта метавонем, ки сабру тоқат барои дар оянда ба муваффақиятҳо ноил гаштан хеле зарур буда, мусоидати як қувва ба қувваи дигари созанда ва имкони бурдбориҳои соҳибкориро дар оянда афзуда, моро барои ноил гаштан ба муваффақиятҳо равона месозад, яъне пайдарпайӣ ва алоқамандии муттаҳидкунии ақидаҳо, қувваҳо, сабру тоқат ва натоиҷи иҷтимоӣ, ин муҳити озоди муваффақиятҳо ва хиради роҳбарӣ мебошанд. Чуноне ки дар китоби «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддин дар мавзӯи «Сабр кардани Луқмон чун дид, ки Довуд ҳалқаҳо месохт аз суол кардан бо ин ният, ки сабр аз суол мӯҷиби фарз бошад» омадааст:
Гуфт Луқмон: «Сабр ҳам некӯ дамест, Ки паноҳу дофеи ҳар ғам омест».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор