Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
нигоҳи ғайр тоза сохта, сонӣ ба таҳлилу дарки масъала ва қарори роҳбарӣ шурӯъ намоед.
Дуввум, он ки диққати асосиро ба сарчашмаи пайдоиши ахбор, мазмуни сарчашма ва натиҷаи он дода, баъдан ба қарори роҳбарӣ даст занем, то боиси малоли хотири касе нагардад ва мо аз адолат дур гардему файзу баракат аз кору борамон рӯй гардонад.
Сеюм, роҳбар набояд ҳеҷ гоҳ худро қурбони ақидаи дигарон созад, чунки ақидаи дигарон на ҳама вақт холис ва ё хирадмандона буда, фикри худи Шуморо инъикос менамояд. Шояд ин рафтор ба некхоҳиятон зарари ҷиддӣ оварда, бароятон одат гардад ва дар натиҷа мавқеатон коста шуда, роҳбариро аз даст бидиҳед. Он шахсони бадхоҳ, ки аз ин заифиатон истифода кардаанд, мавқеи худро мустаҳкам намуда, дар охир душмани ашадиатон мегарданд.
Бинобар ин, дар хиради менеҷмент таъкид карда мешавад, ки доимо дар кор пурсабру ботамкин буда, фактҳои аниқро аз якчанд сарчашмаҳо гирифта, ба оддитарин фарқиятҳои аз ҳақиқат каме дурбуда диққат диҳед ва масъаларо боз барои омӯзиш баргардонед, то пухта расаду ҳақиқат ошкор гардад ва Шумо ба мақсади асосии роҳбарӣ - созандагӣ бирасед.
Инчунин, ҳастанд ҳадафҳое, ки барои некхоҳӣ ва беҳтаршавии дараҷаи зисту зиндагонии мардум ва кормандону мутахассисони ташкилотҳо равона мегарданд. Чунин мақсадҳоро чандин маротиба такрор ба такрор омӯхта, ҳаматарафа санҷед ва баъдан барои дастгирӣ ёфтан мӯҳлат дода, ҳамчун идеали асосӣ қабул намоед. Чунин идеяҳои созанда кам нестанд: «Мақсади мо таъмини рушди босубот», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Маълумоти миёна барои ҳар як фарди ҷомеа шарт ва зарур», «Некиро завол нест», «Тозагӣ гарави саломатӣ» ва чанде ақидаҳои дигар мебошанд ва арзишҳои волои инсониро дар бар гирифта, моҳияти инсондӯстию инсонпарварӣ доранд, ки ин ҷамъи тамоми мақому мароми ҳар як роҳбари соҳибҳирад аст.
Ин идеалҳо метавонанд бо роҳи ташкили мактабҳо, масҷидҳо ва васоити ахбор мақоми иҷтимоии хешро пайдо сохта, дар дили мардум ҳазорсолаҳо боқӣ монанд. Мероси иҷтимоӣ боқӣ гузоштан дар ҷомеа, яке аз қимматтарин амали роҳбарӣ буда, ҳар яки мо бояд бар он ҳаракат намоем. Агар як бар он ҳайкалҳое, ки дар кӯчаю хиёбонҳо қомат афрохтаанд, назар афканем, инро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор