Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
умуман аз мазмуни масъала хеле дур аст, кашола мекунад. Чунин рафтори ғайрихирадмандона боиси паст гаштани обрӯю эътибори роҳбар гашта, ӯро аз мақсади асосӣ дур месозад. Дар мавзӯъ шитобкор будан ва сабру тоқат надоштани роҳбар боиси аз пешравӣ мондани инкишоф гашта, ҷавонони қобилияти баланди эҷодидошта аксар мавриди қурбони ин гуна рафторҳои роҳбарӣ мегарданд, чунки вақте чизи тозаэҷод ба майдон мебарояд, ӯ доимо ба душмани бесамар ё худ шахсиятҳои аз қобилияти эҷодимонраи бадхоҳ рӯ ба рӯ меояд, ки тамоми қувваҳои бадхоҳиро истифода мебаранд, то чизи хуби прогрессивӣ пайдо нагардад. Аз ин нигоҳ, онҳо ба зудӣ ба роҳбар хабарҳои бардурӯғро пешниҳод менамоянд. Барои роҳбар низ, ин чиз нав буда, дарки онро пурра надорад ва ба гуфтаи ин бадхоҳон гӯш андохта, шитобкорона қарори идоракунӣ қабул мекунанд, ки албатта ба пешравии ташкилот ва пешравии ҷамъият монеъ мегардад.
Махсусан, чунин рафтори ношоям дар замони Шӯравӣ бештар дида мешуд ва аксар роҳбарони он замон, ки аз хиради роҳбарии тоҷикона хеле дур буданд, дар худ чунин хислатро мерос гирифтаанд, ки имрӯзҳо сабаби асосии инкишофи дилхоҳ наёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар ҳақиқат ин талхтарин осори замони Шӯравӣ аст, ки ба мо мерос мондааст. Аз нигоҳи мо агар онҳо каме аз фикру ақидаҳо ва хиради бузургони аҷдодони мардуми тоҷик, ки мо дар боби 44-уми ҳамин китоб овардаем, бохабар мешуданд, ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намезаданд ва Тоҷикистонро имрӯз мо дар қатори давлатҳои пешқадами дунё медидем...
Албатта зиндагӣ чунин аст ва ҳар яке мо низ дар ҳаёт аз шитобкорӣ хатоҳои зиёде кардаем. Вале муҳим он аст, ки имрӯз дар вазифаҳои роҳбарӣ кор карда, мо сабру тоқатро ҳамчун яке аз омили рушди фаъолияти хеш истифода намуда, дар адамшиносӣ, қабули қарори роҳбарӣ, рафтори роҳбарӣ ва дигар амалиётҳои касбии хеш ба хатое роҳ надиҳем, ки мукофоташ қурбонии инсонҳо ё миллиардҳо сомонӣ гардад ва ба ояндаи халқу миллатамон доғи сиёҳе боқӣ монад.
Аз ин хотир, мо роҳбарону инсонҳои комилро ҳидоят ба он дорем, ки пеш аз азми анҷоми кору фаъолият аввалан бояд ботини худ ва назари худро ав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор