Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

самараноктар аст, нисбат ба ақидаи шумо, ки барои кормандон нофаҳмо ва ё қабул нестанд. Хуб мебуд, ки ҳар як роҳбар аз ин усул бо хубӣ истифода карда, роҳи самараноку хирадмандонаи роҳбариро пеш гирад. Бояд гуфт, ки дар варзиши шарқии як ба як тамоми усулҳо дар асоси ана ҳамин қоида сурат мегирад. Банда, ки зиёда аз 30 сол боз ба машқи пайвастаи «Дзю-до» машғулам ва аз он каме бохабар ҳастам, ки «Айки-до» низ пурра усули истифодаи қувваи ҳариф мебошад. Агар аз уҳдаи истифодаи қувваи ҳарифатон моҳирона ва чолокона бароед, он гоҳ ба ғалаба ноил мегардед. Дар ҳаёт мо бисёр ҳолатҳоеро мушоҳида менамоем, ки роҳбарон бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ ва ё доду фарёди баланди бемайлон ба зердастон мехоҳанд ба муваффақиятҳо ноил гарданд. Шояд дар навбати аввал ба баъзе муваффақиятҳо ноил гарданд, вале баъдан дар муқобили худ қувваеро барпо месозанд, ки аз ин қувваи бадӣ ва ҷисмонии ӯ даҳҳо маротиба зиёдтар буда, ҳатто имкон дорад худи роҳбарро нобуд созад. Дар натиҷаи таъсиррасонии зиёди ҷисмонӣ ба асаби одамон таъсири сахт расонида, одами солими донишмандро аз роҳ бароварда, эҳтимол ба ҷинояткор табдил диҳем. Бинобар ин, истифодаи дурусти қобилияти одамон ин як навъ роҳи кам кардани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ мебошад.

Таърихи инсоният ин ҳолатҳоро бисёр медонад ва гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе мавридҳо бо истифода аз чунин ҳолатҳои ноороми рӯҳӣ сиёсатмадорони бадхоҳ ё диндорони ҳокимиятхоҳ одамонро ба инқилоб ва ғоратгарӣ ва ҳатто одамкушӣ ҳидоят мекунанд, ки инро хиради менеҷмент сахт маҳкум менамояд. Бояд гуфт, ки ба ин ҳолатҳо, махсусан, кӯдакону ҷавонон гирифтор мегарданд, ки ҳанӯз асабашон пухта нарасидааст ва таъсири манфии ин гуна рафторҳои бадро тез дарк карда наметавонанд.

Маҳз дар ин ҳолатҳо сабру тоқат барои ҳар як роҳбар ва умуман барои ҳар як фарди соҳибақл шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Аз дигар тараф, бетамкинӣ ин як шакли шитобкорӣ ё худ саҳлангории роҳбарӣ мебошад, ки сабаби аксари муноқишаҳо ва пастравии инкишоф дар ташкилот мегардад. Аз ин нуқтаи назар роҳбар бояд ба муқобили шитобкории бемантиқ муборизаи беамон ва пайваста бурда, дар тамоми ҳолатҳои роҳбарӣ сабру таҳаммулро аз даст надиҳад. Шитобкорӣ дар корҳо боиси дарки дуруст накардани ҳолатҳо гардида, аксар маврид роҳбаронро ба тарафи дигар, ки

пешина
аз 566
навбатӣ