Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қадар зиёд набудааст, ки мардуми зиёде ба ин мамлакат барои тиҷорат меомаданд.

Фаъолияти амалишудаи девони соҳибулбарид (маркази иртибот) дар ин давра ба фаъолияти хеле пурсамари роҳбарӣ шурӯъ карда, дар расонидани ахбор ва назорати иҷроиши он мақоми хоса доштааст. Дар он замон ахбор ба воситаи асп, шутур ва хачир сурат мегирифт. Дар баъзе ҳолатҳо қосиди махсус пиёда ё савор хабарро ҳатман мерасониданд ва баъзе ҳолатҳо қосидӣ ба воситаи кабӯтарҳо сурат мегирифт. Албатта, дар он замонҳо ин вазифа хеле хатарнок ҳам буд. Новобаста ба он, ки ҳокимони вилоятҳо ба ин девон итоат намекарданд, намояндагони ин девон боз вазифаи ҷосусиро низ ба ӯҳда дошта оид ба аҳволи минтақа ба дарбор хабар меоварданд. Аз ин хотир хабари рост бурдани намояндагони девон дар такмили адлу инсоф ва адолатпарастӣ мақоми хос дошт. Дар ин замон ду забон дар коргузорӣ истифода карда мешуд, забони тоҷикӣ ва арабӣ.

Девони дигар, девони расоил буда, вазифаи интишори фармону ҳуҷҷатҳо ва дигар муносибатҳои дипломатиро ба ӯҳда дошт. Тарзи коргузорӣ оид ба фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳамкории дипломатӣ ба мисли давраи Сосониён сурат гирифта, дар бисёр шакли коргузорӣ ба онҳо пайравӣ менамуданд. Мисол, мактубҳо бо «Бисмиллоҳ» шурӯъ шуда бо «Худоҳофизӣ» ба анҷом расонида мешуд. Намояндагони ин девонро дабирон низ мегуфтанд ва онҳо дар дарбор нуфузи калон дошта, қариб дар аксари корҳои идоратии давлатӣ иштирок мекарданд. Аз тарафи дигар, барои ин фаъолият аз онҳо дониши баланди касбӣ талаб карда мешуд. Чуноне ки Унсурмаолии Кайковус ба фарзандаш насиҳат карда мегӯяд: «Бидон эй Писар, ки агар дабир бошӣ, бояд, ки ба сухан гуфтан қодир бошӣ ва хат неку дорӣ ва таҷовуз кардан дар хат одат накунӣ ва ба бисёр навиштан одат кунӣ, то моҳир шавӣ ....»

Девони қозиёт хеле мустақилона бо ибораи «Давлат дар дохили давлат» фаъолият доштанд. Дар ин девон низ мисли замони Сосониён қоидаи «мӯъбади мӯъбадон» амал мекард.

Саррӯҳонӣ бошад дар дарбор «Шайхулислом» муаррифӣ шуда, соҳиби обрӯи хеле баланд буданд. Маҳалли қазовату додгустарӣ, чунончи дар баъзе навиштаҷот ишора шудааст, масҷидҳои шаҳр будааст. Ҷазо додани шахсони

пешина
аз 566
навбатӣ