Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
гунаҳгор аксар маврид дар назди мардум қарор гирифта, вазирон ва ашхоси
давлатнеро, ки гуноҳ содир мекарданд, дар болои маркаб шинонда, дар кӯчаю
хиёбонҳои шаҳр мегардонданд. Ё мансабдорони гунаҳкорро чашмонашонро бо
нил кӯр карда ё дар миёни чор девор зинда ба гӯр мекарданд.1
Девони соҳиби шурта бошад таъмини воҷиботи нирӯи низомии кишвар, фароҳам овардани озуқаву улуфа ва баровардани ниёзу хароҷоти лашкариёнро дар ҷараёни муҳорибаҳо дар ихтиёр дошт.
Вазифаи девони муҳтасиб бошад назорат дар бозор, хариду фурӯши молҳо ва ба ҷазо кашидани ашхосе буд, ки қимати колоро ба хилофи меъёру авзони мӯтаводило боло мебурданд. Ба ин роҳ девони муҳтасиб ахлоқу одоби тиҷоратгоҳро ба низом дароварда, риояи қонунро барои ҳамагон таъмин намуда, ҳам тоҷирон ва ҳам истеъмолкунандагонро ҳимоя менамуд.
Оиди одобу талаботи кормандони ин девон дар китоби «Сиёсатнома»-и
вазири бузург Низомулмулк аз ҷумла омадааст: «Ба ҳар шаҳре муҳтасибе бояд
гумоштан, то тарозуҳо ва нархҳо рост дорад ва хариду фурӯхтанҳо нигоҳ дорад,
то андар он ростӣ равад ва дар ҳама чизҳо, ки аз атроф оранд ва дар бозорҳо
фурӯшанд, эҳтиёти тамоми кунанд, то раше ва хиёнате накунанд ва сангҳо рост
доранд ва амри маъруф ва наҳийи мункар ба ҷой оранд ва подшоҳу
гумоштагони подшоҳ бояд ки дасти ӯ қавӣ доранд, ки яке аз қоидаи мамлакат
ва натиҷаи ақл ин аст ва агар ҷуз ин кунад, дарвешон дар ранҷ афтанд ва
мардуми бозорҳо чунон ки хоҳанд, фурӯшанд ва фазлаҳои муставлӣ шаванд ва
фисқ ошкор шавад ва кори шариат беравнак шавад ва ҳамеша ин корро ба яке
аз хос фармудандӣ ё ходимеро ё турке пирро, ки ҳеҷ муҷозот накардӣ ва хосу ом
аз ӯ тарсидандӣ ва ҳама корҳо ба инсоф будӣ».2
Девони ишроф ба назорати харҷу дахли хазинаи давлат вобаста буда, тибқи
ишораи вазири бузург Низомулмулк «Касеро, ки бар вай эътимоди тамом аст,
ӯро ишроф фармоянд, то он чи ба даргоҳ равад, ӯ медонад ва ба вақте, ки хоҳад
ва ҳоҷат афтад, менамояд ва ин кас бояд садидуррой бошад, ки аз дасти хеш ба
ҳар шаҳре ва ноҳияте ноибе фиристад ва кӯтаҳдаст, ки он чи равад аз андаку
бисёр, ба илми эшон бошад, на чунон, ки бо сабаби эшон аз мушоҳара ва музд
1 Ибн Исфандиёр. Таърихи Табаристон., с. 197.
2 Хоҷа Низомулмулк. Сиёсатнома, с.77.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё