Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
чунки маҳз дар ҳамин давра дар ҳама вилоятҳо маблағи даромади хазина аз хароҷотҳо зиёд буда, дар вақтҳои ҳодисаҳои табиии обхезӣ ё хушксолӣ, заминҷунбӣ ё сӯхтор ба мардум кӯмак расонида зарарҳои воридгашта тез барқарор карда мешуданд.
Аз тарафи дигар буҷаи ҳар як шаҳру вилоятҳо пешакӣ муайян карда мешуд ва девони муставфӣ ӯро тасдиқ мекард.
Дар ин давра тиҷорат хеле авҷ мегирад ва меъёрҳою низоми гумрукӣ тартиб дода мешаванд, танзими ҳуқуқии он барои тоҷирон хеле қуллай буд ва аксари тоҷирони дунё бо ин роҳи қуллайи «Абрешим» ба дигар давлатҳо тиҷорат менамуданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо андози гумрукӣ аз 1 шутур 2 дирҳамро ташкил медод.
Бояд гуфт, ки дар хазина инчунин молу мулки дар натиҷаи ҷанг ба даст оварда ворид карда мешуд ва баъдан ба ҳамон халқи аз ҷанг зарардида баргардонида мешуд.
Таърихшинос В. Бартольд бо назардошти ахбори Муқаддасӣ ва Ибни Фақиҳ менависад, ки даромади солонаи буҷаи давлатии Сомониён ба 40 миллион дирҳам баробар буда, 20 миллиони он ба мавоҷиби сипоҳиён ва умури дохилаи давлатӣ хароҷот карда мешавад.1
Мувофиқи овардаи Низомулмулк дар ин замон ду хазина вуҷуд доштааст:
- Хазинаи асл.
- Хазинаи харҷ.
То зарурати сахте ба миён наояд, аз хазинаи асл истифода намекардаанд. Аз ахбори муҳаққиқонаи Ибни Ҳавкал бармеояд, ки девони муставфӣ дар аҳди фармонравоии Сомониён шомили низоми боқувват буда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодии мамлакат зери назорати ӯ қарор доштааст. Азбаски роҳи бузурги Абрешим аз ин сарзамин мегузаштасту тоҷирони зиёде тавассути ин роҳ ба дигар мамолик сафар доштаанд, андози гумрукӣ низ дар ҳамин давра дар низоми идоравӣ ва буҷаи мамлакат мақоми хоса дорад. Андозаи боҷ бошад аз ҳар як ғуломи турке, ки барои фурӯш интиқол мекарданд, дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ то 100 дирҳамро ташкил дода, андози ҳар як тоҷир низ он
1 Бартольд В.В. Сочинения, т 1, с. 298.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё