Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Банда низ дар роҳбарӣ қурбони ин гуна «овозаҳо» гашта будам. Вақте ки дар сини 34 солагӣ дар Донишгоҳи давлатии МоскАВ ба номи М.В.Ломоносов рисолаи докторӣ ҳимоя карда, ба ватан баргаштам, ҳар гуна овозаҳои бардурӯғе паҳн карданд ва ҳатто кафедрае, ки ман дар он ҷо роҳбар будаму боз чандин ҷавонони дигарро дар зери роҳбарии илмӣ қарор дода будам, аз фаъолият боз доштанӣ шуданд. Аммо ҳақиқат ки қувваи бузург асту шахсони некхоҳ низ дар ҷамъият бисёранд, тавонистем ин кафедраро аз нобудшавӣ наҷот диҳем ва то имрӯз фаъолият дорад.
Баъдан, вақте дар вазифаи декани факулта кор мекардам ва бо дастгирии устодони чашмикордон факултети Иқтисоду идораи ДДМТ-ро аз зинаи охир ва ҳолати вайрона ба як факултаи пешқадами намунавӣ табдил дода, хеле муҳити хуби корӣ ташкил кардем, чунон овозаҳои бардурӯғе паҳн карданд, ки дар доираи ақли одамӣ намегунҷад ва аз куҷо то ин дараҷа дар вуҷуди инсонҳо нотавонбинӣ ва бадхоҳӣ пайдост, ки ҳамеша дар паи онанд, ки ба пешравиҳои фаъолияти кори роҳбарон монеа бошанд.
Бояд гӯям, ки онҳо шахсони ҷавони ояндадор нестанд, ки хоҳиши роҳбарӣ ё пешравӣ дошта бошанд, балки ҳамон шахсиятҳое мебошанд, ки дар даврони роҳбарии хеш ба комёбие ноил нагаштаанд ва пешравиро дар ҷомеаи мо намепазиранд. Ман инро як намуди бемории табобатнатавандагӣ (табобатнатавандаи) «бадхоҳӣ» дар вуҷуди инсонҳо номида, баъди омӯзишҳо ва ҳаракатҳои зиёди некхоҳӣ ба ин гуна одамон, ба чунин хулоса омадам, ки онҳо бо ин тану вуҷуди бадхоҳона ба зери хок мераванд, дар зиндагӣ ислоҳи онҳо дар гумонҷост, чунки аллакай синну солашон аз 65 сола боло шудааст. Ва барои ШУМО, хонандаи азиз, гуфтанӣ ҳастем, ки худро аз ин гуна одамон эҳтиёт карда, дар канор бошед, чунки ин гуна бехирадон боз ҷамъият ва дастгирони бадхоҳи худро доранд, ки хеле хатарноканд.
Роҳбаре, ки фикрронии аниқ дорад, аввал ба тарафҳои мусбии рақиби худ баҳо медиҳад ва таҳлил намуда, баъдан хулосаи созандагии худро мебарорад.
Ҳамин тариқ, шахсияте, ки ба факту рақамҳои аниқ такя менамояд, доимо боғайратона сухан гуфта, нақшаи муайяни кории худро дошта, ҳеҷ вақт ба эҳсосот дода намешавад ва дар фикрронӣ доимо рафтори аниқу дақиқ дорад, ки инро зинаи аввали фикрронии аниқ меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор