Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
донишу хиради васеи роҳбарӣ зарур мебошад. Бояд гуфт, ки ахбори таърихӣ рӯзномаю радио ва телевизион ба дастомада на ҳама вақт дурустанд, чунки аксар маврид дар ахбор мавқеи шахсони алоҳида ё сиёсати давлат ва дигар омилҳо илова шудаанд, ки аз воқеият каме дур буда, ба талаботи хиради менеҷмент ҷавобгӯ намебошанд.
Агар мо дар вақти ҷазои ягон шахс барои содир кардани ҷиноят хулосаи судӣ шунавем, дар он ҷо гуфта мешавад, ки ҳамаи факту рақамҳо ва ҳолатҳо ба инобат гирифта, исбот карда шудаанд ва тарафҳо онро тасдиқ мекунанд. Баъд аз он суд хулосаи худро мебарорад, чунки вазифаи суд ин ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ буда, бояд адолати иҷтимоӣ риоя карда шавад.
Дар ҳолатҳое, ки манфиати ғаразноки шахсиятҳо вуҷуд дошта бошад, он гоҳ ҳама гуна қарору супоришҳо аз мақсади асосӣ дур буда, роҳбарро аз фикрронии воқеӣ дур месозад ва дар натиҷа мавқеашро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад. Шахсоне, ки чунин хислат надоранд, онҳоро одамон роҳбари бовиҷдон, бохирад ва ҳақиқатпараст ном мебаранд. Чунин роҳбарон мувофиқи кодекси ҳақиқатпарастӣ фаъолият доранд, ки аксари кормандон ба онҳо такя карда, бовар мекунанд ва бо завқи баланд ҳамроҳи чунин роҳбарон кору фаъолият мекунанд ва онҳо хеле диққатҷалбкунанда мебошанд.
Роҳбароне, ки аллакай кодекси адолату ҳақиқатпарастиро ба худ ҷой додаанд, бевосита онро риоя намуда, худро аз дигар зуҳуроти номатлуби муҳит ҷудо карда, фаъолияти самаранокро амалӣ мегардонанд. Бояд гуфт, ки табиати аксари инсонҳо чунин аст, ки қобилияти созандагиашон заиф буда, дар мавриди ба дараҷаи фикрронии дақиқ расида худро ҳамчун пешво нишон додани шахсе ва тӯҳмату бӯҳтон ва бахилию камбудиҷӯӣ шурӯъ карда нисбати ӯ ҳар гуна овозаҳои дурӯғ паҳн менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд аз ин хислати вайронкоронаи мардуми бехирад огоҳ бошем ва ҳеҷ гоҳ ба овозаҳои «мегӯянд», «касе дидааст», «дар куҷое хондам», «ҳамсояи ман гуфт», «дар бозор гуфтанд», «зани ҳамсоя гуфт» ва ғайра бовар нанамоем. Барои исботи ин фикр, ҳар яки Шумо метавонед ба роҳбаре, ки шахсан мешиносед диққат диҳед, ки каме агар муваффақият ба даст оварда бошад, дар бораи ӯ чӣ қадар овозаҳои бардурӯғ паҳн менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор