Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
диққатҷалбкунанда бошад, чунки дар ду олам дӯстдорӣ ва меҳру муҳаббат ягона ганҷинаи тамомнашавандаи инсонӣ маҳсуб меёбад.
Таърих гувоҳи хунрезиҳои зиёди инсонӣ аст, ки мо дар аввали ҳамин қисми китобамон гуфта гузаштаем. Вале дар охири ҳар яке ин бадбахтиҳо ва хунрезиҳо пушаймонӣ аз худ, пушаймонӣ аз кардаи он хунҳорому давлатдорони дунёро мебинем. Аксари онҳо дар лаҳзаҳои охири ҳаёташон аз Худованд ва одамон мадад мепурсанд, аммо афсӯс, ки худкардаро даво нест.
Бигузор фикрронии нек дар ботини шахсиятҳо ва баъзе роҳбароне, ки ҳоло дар арсаи фаъолият қарор доранд, ҳар чӣ зудтар ба вуҷуд ояд ва мо низ аз ӯҳдаи ин мақсади наҷиби хиради менеджмент бароем. Аз ин ҷост, ки фикрронии боҳирадона ва аниқи илмӣ сарчашмаи дигари муваффақияти роҳбар буда, онро ба қуллаҳои баланди сарварӣ бурда мерасонад.
Барои дақиқӣ ва пурмазмунии фикр мо бояд ду қоидаро риоя намоем.
-
Ҳар як роҳбар фарқи байни ахбор ва ҳодисаҳоро пурра дарк карда тавонад. Ҳар рӯз дар фаъолияти роҳбар ахбори зиёде пайдо мегарданд, ки он фаъолияти ҳаррӯзаи роҳбарӣ мебошад. Дар байни ин ахбор боз бевосита ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фикрронии роҳбарӣ мавҷуд мебошанд, ки мо бояд онҳоро аз маводи дуввум ва сеюмдараҷа ҷудо карда тавонем ва истифода намоем.
-
Мо бояд омилҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намоем, яъне омилҳои асосӣ ва дуввумдараҷа. Он маълумоте, ки бевосита ба фаъолияти корӣ нигаронида шудаанд, ба омилҳои зарурӣ ва факту рақамҳоеро, ки ба кору фаъолият тааллуқ надоранд, ба омилҳои иловагӣ дохил намудан зарур аст. Ҳамон роҳбаре, ки аз уҳдаи ҷудо кардани ин омилҳо мебарояд, дорои имкони фикрронии дақиқ буда, ба мақсади асосии худ расида метавонад. Роҳбаре, ки чунин қобилиятро дорад, қуввати фикррониаш монанди санги вазнин аст, ки ӯро ҳар гуна омилҳои майда-ҷуйда аз роҳ бароварда наметавонад. Чуноне ки бузургони тоҷик фармудаанд:
Хотири доно зи тӯфони ҳаводис фориғ аст,
Кӯҳи гардунсойро андеша аз селоб нест.
Дар фаъолияти корӣ мо ҳар рӯз аз воситаҳои ахбори умум ва аз наздикони худ чунон ахбори зиёд қабул менамоем, ки барои ҷудо кардани он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор