Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Доимо кӯшиш намоед, ки аз рӯи он пайдарпаие, ки мо дар боло гуфта гузаштем, рафтор намоед.

  2. Пеш аз он, ки дигаронро ба худ ҷалб менамоед, аввал ба онҳо таначаҷҷӯҳ зоҳир намоед.

  3. Қуввату идроки баланд ва санъати нотиқиро аз худ намоед.

  4. Доимо кӯшиш намоед, ки либос, пойафзол, мӯи сар ва рафтор ба қаду қомат ва ҳолати корӣ мувофиқат намоед.

  5. Пайваста ва ҳар лаҳза дар хотир дошта бошед, ки маҳдудияти асосӣ ин меъёри ақлонии рафторҳо мебошад.

  6. Одоби салому вохӯриро тарзе аз худ намоед, ки он гармӣ ва диққатҷалбкунандагиро зам намоед.

Инсоне ё худ роҳбаре, ки дорои чунин хислатҳои неки хиради роҳбарӣ мебошад, дорои нерӯи боқуввати дӯстдорӣ мебошад, ки ҳатто аз ҳаракат, нигоҳ ё сухани ӯ шахси дар наздаш истода дар дили худ як қувваи дохилии гармӣ ҷой месозад. Ин нерӯи ба чашм ноайёни ба дил равшани хирад сарчашмае мебошад, ки доимо дар мубориза ба қувваҳои бади рафтори баъзе одамон қарор дорад.
Ин нерӯ дар тӯли таърихи башарӣ доимо ғалабакунанда, созанда ва умедбахшоираи зиндагист. Мо низ таъкид дорем, ки пайваста ин қувваи созандаро дар худ тоза нигоҳ доред ва ба муродатон мерасед.

Бартарии ин хислати некро ҳатто ба маблағу хазинаю боигарӣ баҳо дода намешавад, он аз ҳама баландтар аст. Ин дунёи (олами) тозаи инсонист, ки Худованд бар инсон тӯҳфа кардааст. Бинобар ин, хонандаи азиз, биёед он айнаки торики худро, агар то имрӯз дар чашм дошта будеду фақат камбудию ғалат ва бадӣ меҷӯстед, аз чашм гиреду ба одаму олам бо чашми тозаи хирад нигарем, то тӯҳфаи бузурги зиндагии инсонӣ, созандагиро дар худ пайдо намоем, ки қазорсолаҳо нек боқӣ мемонад.

Дар хотир дошта бошед, ин олами зебои табиӣ, ки барои инсонияти бузург офарида шудааст, ҳеҷ гоҳ шахсони бадхоҳро ба олами зебоии худ роҳ надода, бадбахт месозад, ки худ бехабар мемонанд.

Ҳар як инсон вазифадор аст, ки дар кору фаъолияти худ санъаткор
эҷодкор бошад ва бо дили оламу одам якҷоя нафас гирад ва бо хирад

пешина
аз 566
навбатӣ