Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Пас, вақте Шумо ин гуна шахсиятҳоро дар назди кормандонон ва ё шахсони наздик воқеан тавсиф мекунед, худатон низ аллакай эҳтиром пайдо менамоед. Ин формуларо ҳатман ҳар рӯз бояд такрор кард, то бароятон одат гардад. Мо боварии комил дорем, ки ин давраи дигаршавии хислат бароятон манфиати зиёд меорад.
-
Вақте, хислатҳои хубро бо овози шунаво ба зердастон мегӯед, дар охир ба онҳо дар раванди сухан таъкид созед, ки хуб мешуд, агар дар атрофи мо низ одамони дорои чунин хислатҳо бештар мебуданд. Кӯшиш кунед, ки қариб ҳар рӯз як хислати неки роҳбар ё худ кормандону мутахассисонро пайдо намуда, барои зердастон ва атрофиёни хеш ҳидоят намоед.
Ин гуна тарзи рафтор ба роҳбар чунин натиҷаҳои мусбӣ медиҳад:
- Дар баробари дигаронро тарбия кардан, дар худатон низ нишонаҳои хислати хуб пайдо мегардад, яъне на танҳо муҳити атроф, балки фикрронӣ ва рафтори худи Шумо низ номаълум дигар мешавад.
- Чунин хислате, ки худи шумо бо роҳи дарки ақлонӣ тавлид намудед, бароятон қобилияти сухангӯии бомантиқ ва фикрронии боақлонаро ба вуҷуд оварда, ҳунари нотиқиатон беҳтар мегардад ва диққатҷалбкунанда- гиатон меафзояд. Пас, дар суханрониатон шуҷоати нотакрори нотиқӣ ва эҳсосоти баланди дарки масъулият, худбовариро зам намуда, ҳалиму нозук амал кунед. Нотиқии бомаҳорат нишонаи муҳими диққатҷалбкунандагии роҳбар аст.
Очеркҳои таърихӣ гувоҳ мебошанд, ки аксари шахсиятҳои бузурги таърихӣ қобилияти баланди нотиқӣ доштанд. Хуб мебуд, идеали худро дар санъати суханварӣ аз таърих пайдо намуда, пайваста дар пайравии ӯ машқи касб кунед.
Ҳамин тариқ, мо аллакай як қатор омилҳои диққатҷалбкунандагии роҳбарро оид ба хислати сарварӣ қайд карда гузаштем, ки онҳоро асосан метавон чунин гурӯҳбандӣ кард:
- Доимо оид ба хислатҳои хоси атрофиён ва умуман шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ шавқу рағбатро нигоҳ дошта, аз онҳо рафтори боақлонаву ҷолиби диққатро ба худ интихоб карда гиред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор