Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вақте Шумо бо ин гуна шахсон дар сӯҳбату муошират қарор мегиред, мехоҳед аз онҳо ҳар чӣ зудтар халосӣ ёбед ва ҳатто оиди кору борашон ва намуди зоҳирияшон ҳам андеша намекунед. Гарчанде роҳбар либосҳои хубу шинам ва зебо пӯшида бошаду вуҷуди ӯро рашку ҳасад, фиребгарию курбинӣ ва дигар хислатҳои ғаразнок фаро гирифта бошад, он гоҳ ин хислатҳо тамоми зебоиро барҳам зада, одамони некро аз худ дур месозанд.

Аз ин хотир, мо таъкид менамоем, ки ин хислати бадро аз вуҷудатон дур созед, бо роҳи худмаҷбурсозӣ ва қавииродагӣ хоҳиши пайдо кардани диққатҷалбкунандагӣ бо риояи қоидаҳои зерин:

  1. Аввалан, шахсонеро интихоб намоед, ки мехоҳед хислататонро ба хислати онҳо мувофиқ намоед. Ин қаҳрамонон метавонанд шахсони бузурги таърихӣ бошанд, ки образи мусбии онҳоро аз китобҳои таърихӣ хондаед ва дар филмҳо дидаед. Инро бо роҳи хоҳиши баланд, дӯстдории беандозаи қаҳрамони худ ва худмаҷбурсозӣ барои тавлиди он хислат ва одаткардан метавон пайдо намуд. Барои ба одат табдил додан ин хислатҳои хубро такрор ба такрор ба худ бо овози баланд гӯед. Инчунин, онро дар худ тасаввур созеду қадами аввалро дар иҷрои он хислат гузоред.

  2. Дуввум, машқи пайвастаи ин хислат дар назди оина, дар назди дӯстони наздик, дар назди устодон ва дигарон. Дар вақти иҷрои ҳама гуна амалиёт худро назорат карда, ислоҳи хислатро такрор ба такрор иҷро намоед. Аққалан 20 -30 маротиба дар як рӯз ин хислати некро такрор ба такрор дар худ таҷАССУМ намуда, кам-кам ба фаъолияти худ ворид сохта, боз назорат кунед, ки кадом элементашро нодуруст иҷро намудаед.

  3. Сеюм, ҳар рӯз шахсеро пайдо намоед, ки онро одамон аз рӯи кадом як хислаташ ситоиш мекунанд ва Шумо низ он хислатро аз нигоҳи диққатҷалбкунандагиаш таҳлил намоед. Аз байни онҳо тавсифҳои хислати хубии рафтори роҳбариро барои худ интихоб намоед ва онро бо атрофиён муҳокима намоед. Муҳокимаро чунон дилсӯзона ва ҷиддӣ гузаронед, то дигарон боз тавонанд чизе бар он илова намоянд ва боз сифатҳои дигари эҳтироми худро ба он шахс номаълум зоҳир намоянд.

пешина
аз 566
навбатӣ