Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

доллари ИМА маблағ сарф мешавад барои истеҳсоли бозичаҳои шакл ва намуди нав. Мебоист тасаввур кард, ки ҳама кӯдакон хоҳиши якхела доранду истеҳсоли намудҳои нави он зарурат надорад. Аммо ин куллан хато мебуд, агар мо дар як сатҳ истеҳсоли бозичаҳои кӯдаконаро нигоҳ медоштем. Мақсад аз он иборат аст, ки бозичаи кӯдакона, ин пойдевори фикрронии сарвари оянда буда, маҳз аз ҳамин хотир бояд моли сохти нав таваллуд гардад, ки аввал кӯдак бо донишу фаҳмиш ва меҳру муҳаббати тозаи кӯдакона ба он назар карда, барои дар дили худ нақш бастани он, дар оянда замина гузорад. Аз дили ҳар яке мо меҳри бозичаи кӯдакиамон тамоми умр дур немеравад. Аҷибӣ дар он аст, ки аз байни бозичаҳои зиёде яке ё дутоашро дӯст медоред ва эҳтимол дорад дар оянда модели фаъолияти роҳбарро ана ҳамон бозича ташкил намояд. Аз ин мебарояд, ки масоили истеҳсоли бозича ин танҳо бозича набуда, балки фалсафаи ояндаи ҳар як кӯдак аст.

Чунин равандро дар истеҳсоли тамоми молҳо ва рафтору усули хизматрасонии роҳбар бояд дарк карда тавонад ва яке аз нуқтаҳои диққатҷалбкунии ӯ маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад, ба шарте донишу фаҳмиш ва рафтори роҳбар ба он зина расида бошад, чунки мо аксар маврид дар фикри ба даст овардани манфиат буда, кам ҳолатҳо андешем ба ивазаш моли хуб пешниҳод карданро дорем.

Рӯҳшиносон дар он ақида мебошанд, ки аксар маврид шахсиятҳое, ки намуди зоҳирии зебо доранд, қобилияти баланди дарки масоил ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро соҳиб мебошанд, яъне се омили ба худ вобастагии рӯҳӣ доранд: «дарки масоил - шуғли муштарак - диққатҷалбкунандагии роҳбар». Барои бовар кардан ба ин ақида, як ба роҳбарони атроф назар афканед ва дар ҳақиқат мебинед, ки роҳбароне, ки намуди зоҳирӣ ва ботинашон зебои диққатҷалбкунанда нест, аксар маврид на шуғли муштарак доранд ва на дарки дурусти масоил.

Хонандаи азиз, мо баъзе пешниҳоду таклифҳои худро оиди диққатҷалбкунандагии роҳбар гуфта гузашта, бовар бар он дорем, ки агар қисме аз онро дар таҷриба истифода намоед, коратон пурсамар мегардад.

  1. Хислат - ягон роҳбар диққатҷалбкунанда намегардад, агар хислати хуби инсонӣ надошта бошад.
пешина
аз 566
навбатӣ