Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

47.1. Диққатҷалбкунандагии шахсият ва дақиқии фикрронии роҳбарӣ

Хонандаи азиз, мо дар қисмҳои дигари китобамон оиди мақому мартабаи шахсиятҳо ва ташаккули онҳо ибрози андеша намудем. Дар ин мавзӯъ мехоҳем, ба ҷараёни диққатҷалбкунандагии роҳбар ва дақиқии фикри ӯ бевосита дар раванди роҳбарӣ баҳогузорӣ намуда, таҳлил намоем, ки ин нишонаи сифатии роҳбар чӣ тавр ба самаранокии кори роҳбарӣ таъсир мерасонад.

Диққатҷалбкунандагии роҳбар гуфта, ҷамъи тавсифҳои ботинӣ ва зоҳирии роҳбарро меноманд, ки дар ҷараёни роҳбарӣ муайян мегарданд.

Масоиле, ки барои менеҷмент зарур мебошад, ин дар ҳақиқат диққатҷалбкунандагии роҳбар ва нишонаҳои илмию хирадмандии рафтори роҳбарӣ буда, ҳамчун яке аз омилҳои асосии самаранокии фаъолияти роҳбарӣ баҳо дода мешавад. Пеш аз ҳама намуди зоҳирии роҳбар, чеҳраи зебои кушода, чашму абрӯ ва тарзи нигоҳ, қаду қомати баланди рост, либоси шинам, мӯи сари ороёфта, пойафзолу галстуки ба либос мувофиқ ва дигар нишонаҳои зоҳирӣ барои роҳбар моҳияти зарурӣ доранд. Дуввум, албатта, фикрронӣ, дониш, санъати сухангӯй, ҳалимии рафтор, оромии араб, тарзу усули саломдиҳӣ ва дастфишурдан, аз қабили дурандешии ақидаҳо ва дигар нишонаҳои хиради роҳбарӣ мебошанд. Ин ду нишонаи диққатҷалбкунандагии роҳбар, албатта дар якҷоягӣ якдигарро пурра меноманд. Бевосита ақидаи мардум ва зердастон оиди шахсиятҳо дар якҷоягии он ду омил баҳогузорӣ мешавад. Бинобар ин, ҳар як роҳбар бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ҳар чӣ бештар диққати одамонро ба худ ҷалб намояд, то роҳбариаш ПУРСАМАР БОШАД.

Масоили асосии роҳбарӣ қариб дар тамоми паҳлӯҳои соҳибкорӣ он аст, ки:

Чӣ бояд истеҳсол кард? Маҳсулоти истеҳсолшударо чӣ тавр фурӯшем? Ба кӣ фурӯшем?

Дар ҳақиқат ин се масоили як мақсад фалсафаи мураккабе мебошад, ки дар он нишонаҳои диққатҷалбкунии роҳбар ниҳон аст.

Мисоли оддие, ки тавассути он мо мехоҳем моҳияти ин асрорро баён намоем, ин истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона мебошад. Соле дар дунё миллиардҳо

пешина
аз 566
навбатӣ