Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Таърихи фаъолияти аксари соҳибкорони бузурги дунё аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо фақат дар асоси факту рақамҳо амал карда, кӯшиш мекарданд, ки ба фалсафаи он ворид шаванд ва то дар худ онро дарк накунанд, сухан намегуфтанд.
Дар ин фаъолияти роҳбарӣ як нуқтаи фалсафиро ҳар як роҳбар бояд бараъло дарк намояд, ки дар амал факту рақамҳои корӣ бо факту рақамҳои шахсӣ параллел амал мекунанд. Инро бояд дар назар дошт. Аз нигоҳи дигар, ин манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои корӣ мебошанд. Роҳбаре, ки ин манфиатҳоро дарк накарда, манфиати шахсиро аз манфиати корӣ пеш мегузорад, дар гирдоби ин манфиатҳо худро нобуд месозад. Маҳз шахсияте ба зинаи дуввуми фикрронӣ мерасад, ки зинаи аввалро гузашта тавонад.
Зинаи дуввум аллакай назари эҷодӣ ба фикрҳои корӣ буда, онро дар олами ақлонии худ инкишоф, обутоб ва ба ақидаи мустаҳками пешвой табдил дода, ба майдон мебарорад ва аз он самараи дилхоҳ мегирад. Чунин рафтор бояд асоси мақсади олии ҳар як роҳбар бошад.
Зинаи сеюми фикрронӣ аниқ равона кардани фикр барои амалӣ гардонидани он мақсадҳои эҷодист, ки дар асоси факту рақамҳои дақиқи таҳлилкардашуда ба миён омадаанд. Ин давраи фикрронӣ низ хеле мураккабу нозук буда, ҳамон дӯстони бадхоҳатон, ки дар ду зинаи аввал ба мақсад нарасиданд, дар зинаи сеюм кӯшиш мекунанд, ки мақсади олии Шумо амалӣ нагардад. Пас, инро пешакӣ дарк намуда, дар худ як боварии қавиро ҷой созед, ки мақсадатон бояд иҷро гардад, чунки мақсади эҷодкоронаи созанда нисбати мақсадҳои вайронкорона манфиати бештар доранд. Бинобар ин, вазифаи асосии роҳбар дар ин зинаи фикрронӣ дар ақида устувор будан, сабру тоқат ва дилхаста нашуданро аз баъзе ноомадиҳо ва камбудиҳое, ки дар ҷараёни корӣ аз тарафи «дӯстон» тӯҳфа мешаванд ё бо дигар сабабҳои объективӣ ба вуҷуд меоянд, талаб менамояд.
Зинаи чоруми фикрронии аниқ - ҳаловат бурдан аз муваффақиятҳо ва андешаи озоди аз даст надодани ин муваффақият, яъне худро дар ин дараҷа нигоҳ дошта, боз ба пеш ҳаракат кардан мебошад.
Аксари рӯҳшиносон дар он ақида мебошанд, ки қариб 75% роҳбарон аз
муваффақиятҳо сархуш шуда, худро аз даст медиҳанд ва оқибат ба бемориҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор