Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
устоду сарварамон мебошанду мо бо дилу ҷонамон дӯсташон медорем ва онҳо низ моро аз мо дида зиёдтар дӯст медоранд, тану рӯҳи худро равона созем.
Боиси зикр аст, ки барпокунанда ва созандаи хушбахтии Шумо баъд аз падару модар ин сарвар мебошад. Ва боз ба такрор ишора менамоем, ки ҳамон сарваре, ки Худованди пок ба ҳар яке мову Шумо тӯҳфа кардааст. Агар аз ӯҳдаи ин дӯстдорӣ бароем ва дуои падару модари хешро гирем, он гоҳ метавонем худро хушбахт шуморем.
Дар ҳақиқат нишонаҳои хушбахтиро банда чунин тасаввур дорам:
- Ватан доштан ва дар ватан будан.
- Саломатии хуб.
- Дониш доштан.
- Сарвари доно доштан.
- Молу мулк.
- Оилаи хуб.
- Фарзанди солим.
Бояд гуфт, ки ин ҷузъи 7-гона, дар асл як дарахти бузурги хушбахтӣ аст, ки 7-шохаи сабзу сербаргу мева доранд. Агар яке аз ин шохаҳо сабз набошад, дарахт худро носолим ҳис карда, оҳиста-оҳиста шохаҳои дигарро низ хушконда, нобуд месозад. Шохаи «Сарвари доно» ин марказӣ (4) буда, дигар шохаҳоро эмин нигоҳ медорад. Пас биёед андеша бар он бисозем, ки сарвари доно барои ҳар яке мову Шумо чӣ гуна сарвати бебаҳо будааст. Ва мо вазифадор ҳастем, ки онро дӯст дорем, эҳтиромаш кунем, садои дилашро шунавем, обутобаш диҳем ва ба шоҳроҳи фаъолияти пурсамари роҳбарии худи сарвар равона бошем.
Хонандаи азиз, мо оиди хислатҳо ва корнамоиҳои бузурги сарвари донои таърихӣ ва имрӯзаи тоҷик дар сар то сари китоби Менеҷмент қиссаҳо ва ривоятҳо оварда, ишора ба мақому мартаба ва манфиати сарвари доно кардаем ва боз ният дорем, ки дар мавзӯъҳои оянда низ онро мукаммал гардонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор