Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан46.6. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ
Луқмони Ҳаким мефармоянд:
- Эй писарам бидон, ки мардон се намуданд:
- Мардест, ки чун ирода кунад кореро, ҳал мекунад онро ба раъяш.
- Марде, ки бартар медонад машваратро дар масъалае, ки барояш номафҳум аст ва ҳар машварате, ки барояш дода шавад, онро мепазирад.
- Марде, ки ҳайрону саргардон, ки хоҳони фаҳми роҳи рост нест ва боз итоат намекунад шахси ҳидоятгар ё роҳнаморо.
Луқмони Ҳакимро пурсиданд:
Фарзодагӣ чист?
Гуфт: - Дурӣ аз гумони бад.
Пурсиданд: - Савоб чист?
Гуфт: - Машварат.
Пурсиданд: - Раъй чист?
Гуфт: - Кафи хайр ва итминон ба инсонҳо.
Пурсиданд: - Эҳтиёт чист?
Гуфт: - Иқтисод дар дӯстию душманӣ.
Муқаддаси Искандарӣ.1
Гар заиф андар сиёсат пешвост,
Пояи ҳукмаш набошад устувор.
X X X X X
Одамӣ бо ақли худ одам бувад,
Ақл наҷми раҳнамо бошад варо.
X X X X X
З - он чи огаҳ нестӣ, ҳарфе магӯ,
То нагардӣ назди мардум шармсор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор