Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

умеддиҳанда буда, на фақат дар кору фаъолият, балки дар дилу вуҷуди мо нақш мебандад, яъне мо бо тамоми ҳастиамон ӯро дӯст дошта, эҳтиромаш менамоем.

Сарварӣ ин қувваи ҳаётбахше мебошад, ки ҳар як фарди соҳибақл аз ӯ қувват гирифта, худ ва атрофиёнро низ қувват ва ташаккулу инкишоф медиҳад.

Пас бояд гуфт, ки сарварӣ ин қувваи илоҳиест, ки барои мо бандагони сустназм аз Парвардигор туҳфа шудааст. Онро бояд эҳтирому қадршиносӣ ва монандӣ покии ишқи илоҳӣ дӯсташ дошт. Нотавонбинӣ ва қадршиносӣ накардани сарвар, ин барои мардуми мусулмон қадршиносӣ накардани неъмати Худованди пок буда, ӯро ба уқубатҳои сахт гирифтор менамояд. Бинобар ин, ҳар мусулмоне, ки имони комил дорад, ба қадри сарвари худ, ки Худованд ба ӯ туҳфа кардааст ва маҳз бо шарофати ин гуна мардони бузург сулҳу амонӣ ҳукмфармо буда, мамлакат, ташкилот, оила инкишоф ёфта, «зиндагонии хуб» таъмин аст, бояд бирасем.

Қадршиносии сарвар, аз рафтору кирдори мо дар оила шурӯъ шуда, то фаъолияти ҳаррӯзаи меҳнатӣ ва амаламонро дар ҷамъият пурра дар бар мегирад.

Барои ҳар як шахси соҳибақл зарур мебошад, ки дар дили худ як идеали намунавии сарварро парварида, бо ӯ ишқи илоҳӣ пайдо сохта, дар тамоми мақсадгузории хеш ва фаъолияти иҷрои он, ҳамчун дастурамал истифода намояд. Агар шахсиятҳо аз иҷрои ин амали неки инсонӣ бароянд, он гоҳ барои тақдири хеш як «Хираднома» месозанд, ки ӯро ба хушбахтиҳои баланди одамӣ оварда мерасонад.

Хушбахтии ин худ як ҳолати рӯҳияи инсон буда, ҷисми ӯро солим нигоҳ медорад, табобат мекунад, қувват медиҳад ва ба ояндаи нек равона месозад. Дӯстдории сарвари доно бояд аз ҳамин нуқта ё худ мафҳум сарчашма гирад, ки ин хушбахтии мо, падару модар, фарзандон ва миллату халқамон аст. Мо бояд ин мантиқро пурра дарк намуда, дар қалби покамон ҷой дода, дар раванди эҳтирому дӯстдории худ нисбат ба инсоният, табиат ва сармояи ташкилоту давлат равона сохта, онро ҳамчун гавҳари чашм эҳтиёт ва озодона кору фаъолият намуда ба «Зиндагонии хуб» бирасем.

Ҳар як падару модар, вақте фарзандро ба дунё меоранд, аввалан дуои нияти хушбахтию умри дарозии ӯро таманно мекунанд. Ҳар яки моро низ ҳамон хел дуо додаанд. Биёед, ки ба хотири ҳамон дуои падару модар ки азизтарин

пешина
аз 566
навбатӣ