Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
миллатро барҳам диҳанд, аммо рӯҳи поки ин сарварони миллат ва бузургии халқи тоҷик бо дастгирии Худованди пок нагузошт, ки бадхоҳони бедиёнат ба мақсади ғаразноки худ бирасанд. Бояд гӯям, ки банда дар қишлоқи Қарағочи ноҳияи Восеъ, дар наздикии оромгоҳи бузургвори Ҳазрати Хоҷа Мӯъмин, ки бо шарофати ин Авлиё бузургтарин кони намаки ҷаҳон пайдо гаштааст, ба дунё омадаам ва аз хурдӣ қариб ҳафтае як маротиба ба зиёрати ин бузургвор рафта, орзӯю умеди «Зиндагонии хуб»-ро таманно мекардам ва то имрӯз барои ман ин зиёратгоҳи бузург аст. Ва ман шоҳиди он будам, ки тамоми халқи минтақаи Кӯлоб ба ҳама тарсу ваҳми бархе аз роҳбарони худобехабари замони Шӯравӣ нигоҳ накарда, ба зиёрат меомаданд. Ҳатто баъзе аз роҳбарони Шӯравӣ низ буданд, ки шабона ё номуайян ба зиёрат меомаданд.
Қобили зикр аст, ки сарвари хирадманди миллати тоҷик, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов баробари қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ин зиёратгоҳҳои бузург рафта, дуо гирифта, баъдан ба кор шурӯъ намудаанд. Имрӯзҳо бо шарофату дастгирии бевоситаи ин Сарвари доно, қариб тамоми ин зиёратгоҳҳо ва оромгоҳҳои Тоҷикистон ободу зебо гардонида шудаанд ва мардум озодона рафта, зиёрат менамоянд ва донишу қуввати маънавию рӯҳии худро мустаҳкам намуда, ба оянда назари нек доранд.
Мо низ дуои онро дорем, ки Худованди пок ба ин Сарвари доно қуввату шуҷоатмандӣ дода, дили покашро аз ин гуна падидаҳои неки инсонӣ пурра гардонад ва пешвои миллати тоҷик бимонад. Чунин як хислати неки сарвариро ба ҳар як роҳбари менеҷменти муосири тоҷик таманно карда, ҳидоят бар он дорем, ки аз Президенти мамлакат ибрат гиранд ва таҷриба биомӯзанд.
Акнун мехостем, каме дар бораи мақом ва манфиати сарвари доно дар ташаккули менеҷменти муосир гуфта гузарем. Дар ҳақиқат оид ба мақом ва бартарияти сарварӣ агар мо садҳо асарҳо эҷод намоем кам аст, чунки рафтори ҳар як сарвар саросар панд, ҳикмат ва хираду илм аст. Афсӯс, ки умри одамӣ барои ин сарчашмаи бузургии ақлонӣ кам аст ва мо халқи оддӣ имкон намеёбем, ки бузургии онҳоро дар вақти зиндагивиашон бо пуррагӣ дарк кунем ва баъди маргашон солҳо мегузаранду баъд пай мебарем, вале сад афсӯс, ки дер мегардад.
Сарварӣ ин фақат роҳбарӣ, сухан гуфтан ё дар вазифа кор кардан нест, балки ин қуввае мебошад, ки рӯҳбахшанда, тассалодиҳанда, созанда ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор