Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
дошта бошед. Банда дар дафтари корӣ ва хона чунин муҳитро ташкил карда, ҳаловати беандоза мебарам.
Сарварӣ — ин зинаи олии инкишофи ақлонӣ ва хиради инсонӣ мебошад, ки дар фаъолияти роҳбарон барои иҷрои мақсадҳо ва корҳои муайян равона шудааст ва дар тасаввури онҳо дида мешавад.
Сарвари доно на танҳо иҷрои мақсад ва ё фаъолияти кориро амалӣ мегардонад, балки як муҳити хуби этикӣ ва рӯҳию иҷтимоӣ ба кормандон ва умуман, атрофиён муҳайё месозад. Ин қувваи бузурги ақлоние мебошад, ки эҳтимол ҳазорсолаҳо бо номи нек ёдоварӣ карда шавад. Ин қувваи зинда, қувваи ҳаракатдиҳанда ва олии ташаккули менеҷменти муосири тоҷик ва умуман, ҷамъияти инсонӣ мебошад.
Сарварони доно — пешвоён, шахсиятҳои барҷастаи таърихие мебошанд, ки рӯҳияи хирадмандонаи хешро ба тамоми ҷаҳониён паҳн намуда, ба шогирдону атрофиён як нерӯи бузурги ботинии худшиносиро боқӣ мегузоранд. Дар таърихи халқҳои ҷаҳон, аз он ҷумла тоҷикон ин гуна одамон кам нестанд, ки онҳоро бузургон; донишмандон; пешвоён; авлиё; эшон; ҳазрат; ва ғ. мегӯянд. Дар ҳақиқат ин гуна шахсиятҳо ба ҳама гуна иззату эҳтиромҳо арзанда мебошанд.
Баъзе мутахассисон ва донишмандони Ғарб сарварро ҳамчун қувваи буғии локомотив, ки як қатори бузургро аз паси худ кашида садҳо ҳазор километр мебарад, муаррифӣ намудаанд. Дигарон бошанд, онҳоро ҳамчун шӯълаи абадзиндае мемонанд, ки дар дили ҳар як фарди солим нури умедро ворид месозанд.
Махсусан, бояд қайд кард, ки миллати тоҷик аз аввали пайдоиши худ, то ба ин замон ба «Сарварии доно» - эътиқод ва ё таваҷҷӯҳи баланди дӯстдорию меҳрубонӣ зоҳир карда, на танҳо дар вақти ҳаёт, балки баъди вафот ҳам оромгоҳҳои онҳоро зебу зиннат дода, ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷои зиёратгоҳ ва муқаддас шинохта мешаванд. Имрӯзҳо қариб дар ҳар як маҳалла ё минтақаҳои Тоҷикистон ин гуна ҷойҳои муқаддас бисёр буда, мардумон ҳар рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа ба зиёрат рафта, ба дармондагон хайру саховат карда, чорвоҳо кушта, садақа мекунанд. Ва аз арвохи поки ин «Сарварони доно» умеду орзуҳои нек ва кӯмак металабанд. Бояд гуфт, ки баъзе коммунистони замони Шӯравӣ зиёда аз 70 - сол мубориза бурда, мехостанд, ки ин муқаддасоти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор