Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Яке аз ин ҳадафҳо худтарбиякунӣ ва худбоваркунӣ мебошад, ки аз маҷмӯи ақидаҳо ва дарки масоили зерин иборатанд:
-
Ман медонам, ки тамоми сарварон аз рӯи фикру хоҳишашон ба ин дараҷаи Олӣ расидаанд.
-
Ман медонам, ки хоҳиши қавӣ, роҳбарро ба дарёфти тарзу усулҳои беҳтарини сарварӣ мерасонад.
-
Ман боварӣ дорам, ки худбоваркунӣ роҳи асосии ба мақсадрасии роҳбар мебошад.
-
Ман медонам, ки усули ягонаи ба сарварӣ расидан худтарбиякунӣ мебошад.
-
Аз қоидаҳои беҳтарини фаъолияти асаб бохабар буда, кӯшиш мекунам, ки хислатам ва кору фаъолиятамро пурра бо майл намудан ба тарафи сарварони доно тағйир диҳам.
-
Аз тамоми донишмандони бузург хоҳиш менамоям, ки ба ман устод бошанд.
-
Кӯшиш ба он медиҳам, ки ба зинаи фикрронии озод расида, Худою оламу одамро шиносам.
-
Ман мехоҳам, ки усулҳои боақлонаи баланд бардоштани рӯҳии зердастон ва одамонро донам ва ба онҳо кӯмак расонам.
-
Мехоҳам, ки сабру тоқатеро дошта бошам, ки рӯйдоду ҳодисаҳоро каме пештар дарк кунам.
-
Мехоҳам, ки шуҷоат, ирода ва қувваи рӯҳии бузурге дошта бошам, ки ба тарсу ваҳму қашшоқӣ ғалаба карда, сарвар гардам.
Мо ба роҳбарон муроҷиат карда гуфтанием, ки ҳар яке аз ҳадафҳои номбаршуда, дар дафтари корӣ ё дар хонаи хоб бояд нишонаҳои худро дошта бошанд, то бо ҳар яке ӯ сухан гӯед ва фикру ақидаи худро ба он равона совед. Масалан, портрети шахсити бузург, ки дилатонро тасаллӣ медиҳад. Ё манзараи зебои табиат, ки дар ҳаракат аст ё ҳайкали уқоб, ва ё дар назди оинаи калон омада бо худ сӯҳбат кардан ва ғ. Ин усулро худтарбиякунии сарварӣ меноманд ва дар ҳамон ҳолат Шумо муваффақият ба даст меоваред, ки агар қобилияти дарки, масоили ягон зинаи идоравиро гузашта, аллакай таҷрибаи кофии роҳбарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор