Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ташаккули рӯҳии шахсиятҳо аз фоида холӣ намебошад. Ситорашиносон бошанд онро аз рӯи ҷойгиршавии ситораҳо ва дигар тағйиротҳои осмонӣ пешгӯӣ мекунанд. Хуллас, мо низ дар қатори ин шахсиятҳои таърихӣ дар он ақидаем, ки вақте асаби мо ба он дараҷаи каму беш дарк кардани худ мерасад, ин қувваи илоҳиро зиёдтар ҳис карда, пешакӣ ба мо хабар медиҳад. Дар байни мардуми тоҷик ин гуна бузургонро «Авлиё» меноманд, ки онҳо дар ҳақиқат қудрати аз ҳад баланди пешакӣ дарк кардани ҳодисаҳоро доранд ва барои табобату дастгирии рӯҳӣ ва иҷтимоии мардум хизматҳои шоён кардаанд ва карда истодаанд. Банда бо чанде аз ин бузургон ҳамсӯҳбат ва дар нишаст будам ва ба қудрати донишмандии онҳо дар ҳайрат мондаам. Мисол, бо Пири Маё, Эшони Абдураҳмон (ҷояшон ҷаннат бошад) ва Эшони Даҳмарда шинос ҳастам. Дар ёдам ҳаст, вақте ки ман ҳанӯз дар курси 2-юми донишгоҳ таҳсил мекардам, ба хонаи ҳамкурсам (ҳоло бародар ҳастам) Ҷунайдулло ба қишлоқи Қалъаи Нави ноҳияи Файзобод меҳмон шудему ба зиёрати Эшони Абдураҳмонҷон, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд, рафтем. Баъд аз салому алейк Эшон аз Ҷунайдулло пурсиданд, ки ин рафиқат кист? Ман ҳозирҷавобӣ карда гуфтам, ки тақсир, ман аз ноҳияи Восеъ, номам Таваралӣ мебошад. Эшон ба чеҳраам як нигоҳи ҷиддӣ карданду ба дӯстам Ҷунайдулло гуфтанд, ки ин рафиқат бисёр одами хуб менамоянд, оянда шояд шахсияти шинохта гарданд, биёед як дуо ба номашон хонем - гӯён, даст ба дуо бардоштанд. Маротибаи дуюм баъди 6 сол дар меҳмонхонаи устод Талбак Қурбонов, ки қариб 45-50 нафар нишаста будем, чашми эшон ба ман афтоду аввал дасти дуо барои ман бардоштанд. Дар мавриди сӯҳбат бо дигар бузургон низ қиссаҳо зиёданд ва ният дорем, ки агар Худованди пок хоҳад, оиди ин масоил дар қисмати 5-уми китоби Менеҷмент, ки шояд «Худшиносии сарварӣ» номгузорӣ шавад, пурратар истода мегузарем.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки аксар роҳбарон, ки дорои қувваи баланди дарки масоил мебошанд, дар роҳбарӣ ҳамчун сарвар худро нишон дода, маҳз бо ин қудрати худ соҳиби эътибори баланд гашта, кору фаъолият менамоянд.

Аз ин ҷо, мо дар он ақидаем, ки зинаи олии ташаккули роҳбарӣ, сарварӣ мебошад, менеҷменти дорои чунин шахсиятҳо доимо дар кору фаъолияти хеш бартарият дорад. Бояд гуфт, ҳадафҳои илман исботшудае вуҷуд доранд, ки метавонанд роҳбаронро ба зинаи сарварӣ расонанд.

пешина
аз 566
навбатӣ