Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тасаввури эҷодӣ ва пайдоиши мавҷҳои эҷодӣ аз атрофиёну табиат дар якҷоягӣ пойдевори рафтори сарварии шахсиятро ташкил месозад. Ҳар қадар пойдевор мустаҳкам бошад, ҳамон қадар қобилияти бардоштани сохтмони азимро доро мегардад, вагарна не.

Бояд гуфт, ки таърихи зиёда аз 7000 солаи башарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки агар кору фаъолияти одамон аз аввали пайдоиши одам аксар маврид дар асоси қувваи ҷисмонӣ сурат гирифта бошад, имрӯз дар асри XXI фақат донишу хирад қувваи бузурги сарварӣ гашта, пешвоёни донишмандро бо ин хислати наҷибашон инсоният эҳтирому гиромӣ дошта, аз қафояшон мераванд. Ба гуфти донишманди бузург Бедил шояд рӯзе фаро расад, ки мою Шумо бигӯем, ки «қувваи ҷисмонии ман дар назди қувваи рӯҳии Мани ман як парзании магас аст». Ҳамчунин, ин нуктаро аксари файласуфони бузург дар лаҳзаҳои охири умри худ афсус хӯрда, таъкид мекарданд, ки «илму хирадашон барои фаҳмиши асрори дунё хеле нокифоя будааст». Аз ин хотир, бояд гуфт, ки то ҳанӯз инсоният дар назди аксари қувваҳои табиӣ, инчунин, дар назди қувваи ақли худ аз рӯи баъзе тадқиқотҳо, ки аз пайвастагиҳои ҳуҷайраҳои зиёда аз 15 миллион сифр дошта иборат аст ва дар решаи асаб 14 миллиард хоначаҳои (клеткаҳо) асабӣ вуҷуд дорад, оҷиз ҳастем ва намедонем, ки мо боз кадом қудратро дорем, барои фаҳмидану истифодаи самараноки он боз аз мо донишу хираду қувваи навини эҷодиро талаб доранд.1

Хонандаи азиз, инак мо ба ҷое расидем ва эътимод пайдо кардем, ки зинаи олии ақлонии инсонӣ асаб буда, ин маркази мураккаби пур аз асрору ихтирооту кашфиётҳои бузург моро ба олами дигари созандае наздик месозад, ки то ҳол тадқиқотҳои илми инсонӣ то ба он зина нарасидаанд.

Мо бошад фақат дар шакли тасаввур мехоҳем, баён намоем, ки ҳар яки Шумо то андозае аз ин ҳиссиёт бохабар ҳастед. Аксар маврид то саршавии ин ё он ҳодисае, ки ба сари мо меоянд, дар ниҳоди мо кадом як ҳаяҷон ва ё хаёлу хоҳише пайдо мегардад, ки он на ба хислат ва на ба рафтору гуфтори мо мувофиқ аст. Ё пешакӣ дар хобамон ин ҳодисаҳоро мебинем. Дар ин ҷода бояд бигӯем, ки хирадмандону бузургони миллати тоҷик хизматҳои бузурге карда, хобномаҳо ва тақдирномаҳои зиёде навиштаанд, ки дар ҳақиқат барои

1 Наполеон Хилл. Думай и богатей. С.594.

пешина
аз 566
навбатӣ