Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
иҷрои он қуввату диққататонро 2-3 маротиба зиёд намоед, то боз ба маҷрои худ баргардед. Дар ин ҳолат бо ду сабаб бурд хоҳед кард:
-
Шумо боз ҷиддитару бисёртар кору фаъолият карда, аз рақибони худ пеш мегузаред.
-
Ноомадиҳо сабаби зарурие мебошад, ки нисбат ба худ серталаб бошед ва ба ивази он маблағ ё ҳақмузде ки мегиред, ҳар чӣ зиёдтар меҳнат намоед, он гоҳ обрӯю эътиборатон баланд хоҳад шуд.
Фаҳмиши роҳбарӣ низ ҳамин мебошад, ки ҳар қадар серталаб бошед, ҳамон қадар ақидаҳо ва қобилияти кордонӣ зиёд гашта, ба муваффақиятҳо ноил мегардед. Моҳияти ин раванд дар он аст, ки тавассути серталабӣ роҳатон кушода шуда, аллакай масъалаҳои ночиз садди роҳатонро гирифта наметавонанд.
Илова бар ин, вақте ба муваффақиятҳо ноил мегардед, аллакай ин корҳоро ба дигар кормандон супориш дода, худатон ба зинаи дигари инкишоф ва ҳалли мушкилоти бештар мегузаред, ки аз талаботи менеҷменти муосири тоҷик мебошад. Дар баробари серталабӣ роҳбар худаш низ инкишоф ёфта, чӣ хел пеш рафтанашро ҳатто ҳис намекунад. Шахсон ва роҳбароне, ки қоидаи кам кор карданро пеша доранд, дар натиҷа, албатта, қафо монда, эҳтимол дорад ташкилоташон ба рақобати бозор тоб наоварда, аз байн равад. Барои рақобатнокии корхонаро нигоҳ доштан низ ин омил асосӣ буда, бояд риояи он барои ҳар як корманди ташкилот ҳатмӣ бошад. Таҳлили фаъолияти аксари роҳбарони ширкатҳои баландмақом ва соҳибкорони бузург нишон медиҳанд, ки онҳо доимо қоидаи серталабиро аз худ ва кормандони хеш нигоҳ дошта, ба чунин муваффақиятҳо ноил гаштаанд.
Дар ин ҷода низ бояд таъкид сохт, ки серталабиро мо ба хотири фаъолияти бошуурона ва хирадмандона ҳидоят дорем, на ба хотири ҳар чӣ зиёдтар заҳмат кардан ба монандӣ ҳайвони корӣ. Нодуруст мебуд агар мо лаҳзае аз ақли солим берун кору фаъолият менамудем. Маҳз донишу хирад метавонад, ки мо ба ояндаи дур назар карда тавонем ва маҳз серталабиро ба ҳамон тараф равона созем на ба қафо. Қонуни табиат низ ҳамин аст ва ҳар қадар меҳнати зиёд кунед, Худо баракаташро ҳамон қадар зиёд мекунад.
Ашхосе мехоҳанд, ки кам кор карда зиёд ба даст биёранд, албатта фириб мехӯранд, чунки табиат фиребу найрангро намепарастад. Ё агар танҳо барои он

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо