Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
маблағе, ки бароятон медиҳанд, меҳнат кунед, дар ин ҳолат низ аз пешравӣ мемонед ва танбал мешавед. Агар дар ҳақиқат хоҳиши дар оянда роҳбари хуб шуданро дошта бошед, кӯшиш намоед, ки ба серталабӣ аз худатон диққати дигаронро ҷалб намоед, то эҳтироми онҳо ба Шумо зиёд гардад ва зердастон низ хуб меҳнат намоянд.
Дар натиҷаи серталабӣ аз худ ва кормандон баъди гузашти каме вақт (1-2 сол) аллакай аз ӯҳдаи истифодаи самараноки вақт баромада, боз имкони кӯмак ба дигаронро пайдо мекунед, чунки ба зинаи баландтари инкишоф наздик шуда, самараи меҳнататонро боз дигарон васеътар истифода карда, хоҳиш менамоянд, ки якҷоя фаъолият дошта бошед. Дар ҳар ҳолат доимо ба меҳнати зарурии роҳбарӣ диққатро равона карда, аз мақсадҳои асосӣ берун набароед ва дар он вақт фоидаокии фаъолиятатон боз даҳчанд мегарданд. Масалан, аксар маврид мо мебинем, ки роҳбарон рӯзҳои шанбе низ кор мекунанд. Агар аз онҳо сабаб пурсед, ҷавоб медиҳанд, ки як кори хеле зарур буд, ки фоидаи зиёд меовард, яъне манфиатнокии ин фаъолият аз дамгирии рӯзи шанбе зиёдтар буда, Шуморо маҷбур сохтааст, ки ба ҷои истироҳат боз ба кор бароед.
Аз нигоҳи менеҷмент бошад, мо ба самаранокии истифодаи вақти корӣ диққат медиҳем, ки ташкили меҳнат тарзе бояд ба роҳ монда шавад, ки ҳар як корманд ҳамон 7 - 8 соати кориро самаранок истифода барад. Ин рафтори роҳбариро истифодаи самараноки имконотҳо низ мегӯянд.
Бояд гуфт, ки дар роҳбарии корхонаҳои хусусӣ қоидаҳо каме фарқ мекунанд. Дар ин ташкилотҳо роҳбарон аксар маврид танҳо барои фоида гирифтан не, балки барои зам намудани фоидаи бадастоварда фаъолият намуда, аз худ серталаб мебошанд, яъне чӣ бояд кард, ки маблағи пайдошударо дар корхона барои фоидаи бештар овардан равона созем. Албатта, дар ин ҷо низ боз ҳамон хусусияти зинагии фаъолият дида мешавад. Вобаста ба он ки соҳибкориатон дар кадом зина қарор дорад, рафтор намоед. Дар менеҷмент ин равандро ба се зина ҷудо мекунанд:
-
Зинаи аввал, мақсади асосиатон ҳар чӣ зиёдтар маблағ ба даст овардан.
Чунин талаботро дар фаъолияти зердастон низ дошта бошед. -
Зинаи дуюм, новобаста ба зиёдшавии даромад мушоҳида мекунед, ки
фоида намегиред. Сабаб дар он аст, ки серталабӣ карда дар як ҷо караҳт

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо