Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
баръакс аз ин дида қувваи баде дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Аз ин нуқтаи назар, гуфтан мумкин аст, ки худназоратӣ пеш аз ҳама назорати фикрронӣ буда, калиди он боз ҳам дар дасти ҳар яки мову шумо мебошад. Агар Шумо одати номатлубе дошта бошед, хуб мебуд қоидаи худмаҷбурсозиро истифода баред, ки мо онро бароятон дар мавзӯъҳои оянда пешниҳод менамоем.
46.4. Серталабӣ ва худмаҷбурсозии роҳбарии тоҷикон
Серталабӣ ва худмаҷбурсозӣ дар фаъолияти роҳбарӣ, яке аз талаботҳои хиради менеҷменти тоҷик буда, нишонаҳо ва хусусиятҳои хоси худро дорад.
Барои он ки дар иҷрои фаъолияти самаранок хастагиро эҳсос накунед, дар навбати аввал кору фаъолият ё касберо интихоб намоед, ки ба Шумо писанд аст ва дӯсташ медоред.
Серталабӣ низ яке аз омилҳои дӯстдорӣ буда, роҳбар кӯшиш мекунад, ки ба ивази меҳнати зиёди кардааш манфиат ба даст оварда, аз натиҷаи кораш ҳаловаят бубарад. Дар ҳақиқат, инсон вақте кори дӯстдоштаашро иҷро мекунад, мондашавиро ҳис намекунад. Ҳикмати ин раванд дар он аст, ки роҳбар бояд кормандро аз рӯи ихтисос ва вазифааш кор фармояд на аз рӯи хоҳиши худ. Интихоби касб, албатта, аз рӯи дӯстдорӣ ва меҳру муҳаббат сурат мегирад. Дар ин ҳолат корманд ҳатто ба дараҷаи маош низ кам диққат дода, бештар дар ҳаваси иҷрои кор аст. Аксари одамони донишандони бузурги тоҷик, ки мо дар боби 44-ум оиди рӯзгору осори онҳо гуфта гузаштем, маҳз завқи баланди донишомузӣ дошта, ба моли дунё ҳатто диққат намедоданд ва хеле қашшоқона умр ба сар бурдаанд. Вале мо онҳоро ҳеҷ гоҳ қашшоқу камбизоат гуфта наметавонем, чунки инсоне ки як ақидаи фалсафӣ эҷод мекунаду дигарон аз он истифода мекунанд, бойгарии ӯ ҳеҷ гоҳ тамомшаванда нест ва ӯ одами сарватмандтарин маҳсуб меёбад.
Агар дар баъзе ҳолатҳо кор натиҷаи мусбат надиҳад, онро муваққатӣ мепиндоранд ва дар ҷамъбаст онро низ муваффақият мегӯянд. Аз ин нигоҳ агар дар ҳаёт, дар кори дӯстдоштаатон ба ноомадиҳо дучор шудед, баръакс барои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо