Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мекунанд. Ва мегӯянд, ки «Роҳбарамон беҳуда як сомониро хароҷот намекунад; Роҳбарамон ба куҷо хароҷот шудани маблағро намедонад; Роҳбарамон ягон пешравиро дастгирӣ ҳам намекунаду маблағ ҳам намедиҳад» Аз ин се ҳолат, албатта, ҳолати якуми роҳбарӣ қобили қабул буда, мо низ тарафдори он ҳастем, ки тамоми маблағҳо бояд бо мақсади муайяне хароҷот гарданд, ки аз мақсади асосии ташкилот бармеоянд. Дар ин ҳолат ҳар як корманди Шумо ҳаракат мекунад, ки пеш аз оне, ки ба наздатон дароянд ва маблағе хоҳиш кунанд, онро асоснок намояд. Ҳамин тариқ, дар корхона як низоми худназорати пайдо мегардад, ки ба дигарон низ таъсири худро мерасонад.

Раванди сеюми худназоратии роҳбарро дар муносибат ба бадхоҳони ӯ метавон мушоҳида кард. Дар ин ҷода дар назди мо ду роҳ истодааст:

  1. Ба муқобили онҳо мубориза бурда, онҳоро несту нобуд карда, худро низ ба азоби рӯҳӣ гирифтор намуда, қувваву вақти зиёд сарф намудан.
  2. Аз онҳо дур буда, ҳамаи қувваю ғайратро барои фаъолияти корӣ равона сохтан.

Албатта, аз нигоҳи хиради менеҷмент роҳи дуюм қобили қабул аст, чунки пешравиро аслан созандагон ва некдилон ба ӯҳда доранд, бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанду таърих онҳоро тез фаромӯш карда, шахси накуном доимо дар хотирҳо зинда мемонад. Дар ин нуқта худназоратӣ бояд ба созандагӣ равона карда шавад, на ба қасдгирию вайронсозиҳо. Аммо дар ин ҷо низ як сарҳаде вуҷуд дорад, ки мо бояд тарафи муқобилро нагузорем, ки аз он гузарад.

Назорати он бошад ба низоми шахсии ҳар як роҳбар ва бодолатию бовиҷдонии мақомоти судию ҳуқуқии мамлакат вобастагии калон дорад.

Бояд гуфт, ки ягон мавҷудоти рӯи замин чунин қувваи бузурги худназоратиро монанди инсонҳо надоранд. Ин қувваи худназоратӣ қобилияти фикрронии одам буда, вай алоқамандии шахсиятро бо се чиз нишон медиҳад:
Олами моддӣ, олами физикӣ ва олами илоҳӣ. Агар фикрронӣ зарур бошад, пас назорату дуруст истифодабарии он 1000 - ҷо маротиба аз он заруртар мебошанд, яъне назорат кардани фикрронии хеш, омили муҳими худназоратӣ буда, аслан инъикоси олами ботинии инсонҳо мебошад. Баъзе олимон онро наздикшавии инсонҳо бо Худо низ мегӯянд, албатта, агар онҳо дар ҳақиқат инсони комили покдилу поксиришт бошанду бо Худо рост, вале дар сурати

пешина
аз 566
навбатӣ