Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мешаванд, намепазиранд ва баръакс, нисбати шахсоне, ки ба ақидаи онҳо норивоанд, эҳтиром дошта мехоҳанд, ки сабабашро фаҳманд ва аз он хулосаи зарурӣ бароранду камбудиҳоро зуд бартараф намоянд.
Ҳамаи гуфтаҳои боло нишонаи худназоратии рафтории ҷараёни роҳбарӣ мебошанд. Тарафи дигари мавҷуд набудани худназоратӣ ин хароҷоти бемайлону бемақсад низ мебошад, ки он низ ба ҳар як роҳбар зарари калон меорад. Роҳбаре, ки худназоратии хароҷоти пулиро надорад, ҳеҷ гоҳ вай ба мақсади олии худ расида наметавонад. Маълум аст, ки талабот доимо аз имконот дида пештар аст, вале хароҷоти аз имконот берун аллакай аз худназоратӣ баромадан буда, чунин ҳолат Шуморо метавонад ба зери қарз ғӯтта занонад. Аз тарафи дигар, дар хотир дошта бошед, ки ҳатто амонатгузории ками маблағ дар бисёр ҳолатҳо метавонад дастгири Шумо гардад, ки манфиаташ садҳо маротиба бештар аст.
Банда ҳеҷ аз ёд намебарорам соли 1995, айёми таҳсил дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро, ки аз Душанбе бо худ чанд баста 500 рублӣ дар сумкаи варзишӣ ҷой карда, ба Москва омадам. Дар вақти хароҷот бепарвоӣ зоҳир намуда, аз манфиаташ низ он қадар ҳаловат набурдам. Рӯзе фаро расид, ки барои ба китобхона рафтан ҳатто роҳпулӣ пайдо накардам. Дилам бисёр ғамгин шуд. Дигар илоҷ набуд, ғайр аз он ки ба толори варзишӣ рафта, машқи бадан кунаму аз рафиқе қарз гирам. Бо чунин мақсад сумкаи варзиширо пеш аз он, ки либосҳои варзиширо ҷой кунам афшондам, ки ногоҳ аз дарунаш як баста 500 рублӣ ба замин афтод, ки тасодуфан дар таги сумка часпида монда будааст. Хурсандиям ҳадду канор надошт. Ин маблағро чунон эҳтиёткорона истифода кардам, ки то ҳол кайфияташро аз ёд бароварда наметавонам.
Бояд гуфт, ки сарфа кардан маънои умуман хароҷот накардан ё кам хӯрдану бо либоси кӯҳнаи дарида гаштан ва дар роҳбарӣ аз мақсадҳои асосӣ даст кашиданро надорад. Бо умеди сарфаи маблағи каме аз миллионҳо бояд маҳрум нагардем. Мақсади мо пеш аз ҳама дар он аст, ки ба имконотҳо нигоҳ карда, ҳар як фард вазифадор аст захираҳоро сарфакорона ва бомақсад истифода намояд. Барои ин ҳар як роҳбари хирадманд як низоми махсуси худро доранд, ки зердастон баъди каме кор кардан бо роҳбари нав аллакай онро аз худ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо