Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҳар замон хатари аз роҳ баромадан ё ба дигар тараф майл карданамон пайдо мешавад.
Худназоратӣ ҳамчун амали нигоҳдории мувозинати фаъолиятҳо барои ҳар як роҳбар шарти зарурӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар маврид нобарориҳо ё худ қонуншикании роҳбарон пурра бо сабаби вуҷуд надоштани худназоратӣ ба миён омадааст.
Аз тарафи дигар, агар ба зиндагиномаи мардони хирадманд назар афканем, он гоҳ дарк мекунем, ки он саросар аз худназоратӣ иборат буда ва ба он ҳидоят мекунанд.
Мақсади дар ин қисмат қайд кардани худназоратӣ пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои ҳар як роҳбар ин омил ҳамчун санги тарозу буда, барои нигоҳ доштани баробарии он саҳми беандоза дорад ва моро дар пайраҳаи асосии мақсадҷоямон эмин нигоҳ медорад. Шахсоне ки қобилияти худназоратӣ доранд аз бадбинӣ, рашку ҳасад, тарс, қасдгирӣ, туҳмат ва дигар рафторҳои ғаразноки эҳсосотӣ дур мебошанд. Ин гуна шахсон ҳеҷ гоҳ ба рафторҳои ғаразноки бемантиқ даст намезананд ва доимо худро назорат карда метавонанд.
Аммо мушкилӣ дар он аст, ки баъзе мавридҳо ба мо ҳуҷумҳое мушоҳида мешаванд, ки танҳо ба шахсиятамон нишонагирӣ месозанд. Дар ин ҳолатҳо ду нигоҳи бо ҳамдигар муқобил вуҷуд дорад.
-
Боварӣ бо худ доштан шуморо аз ҳама ҳуҷумҳои нохалафон нигоҳ медорад.
-
Боварии аз ҳад зиёд ба худ боз метавонад, ки ба гум кардани худназоратӣ биорад.
Бинобар ин, роҳбари хирадманд ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки хислатҳои беҳтарини ӯро аз ҳад зиёд ситоиш кунанд, то ин ки мағрур нашавад. Ин ҳолатро бештар лаганбардорон истифода карда, Шуморо бо таърифҳои аз ҳад зиёд ба зери ҳокимияти худ гирифта, аз роҳ мебароранд, ки ин низ як навъ гум кардани худназоратӣ мебошад.
Шахсият ва роҳбароне, ки дорои худназоратии қавӣ мебошанд, доимо рафтори худро назорат намуда, намегузоранд, ки касе онҳоро идора намояд. Ё ин ки онҳо ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ҳолат ба дурӯғгӯӣ ва қасдгирӣ даст намезананд.
Инчунин ин гуна шахсиятҳо кормандоне ки ба фикри онҳо ба зудӣ ризо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо