Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ӯ нимханда карда гуфт: Ман ба ғайрати Шумо қоил, лекин боварӣ надорам, чунки зиёда аз 25 нафар одамони бузург кӯшиш карданд, амалӣ нашуд. Ин ҳеҷ мумкин нест! - хитоб кард Ҷаноби Б. Шояд ҷумлаи охир ба ман таъсир кард, ки ман ба ин кор сахт машғул шудам. Ба назди губернатори Штат рафта масъаларо чунин фаҳмондам: Ҷаноби Б. ҳангоми дар ҳабсхона буданаш системаи тартиботро дар шакли дастурамали махсус кор карда баромада, якчанд китобу мавод ҷамъ мекунад ва аз 2518 маҳбус, 1729 нафарашон аз ин курс гузашта, дастурамали Ҷаноби Б.-ро қабул мекунанд. Худи ӯ бошад тамоми қоидаҳои маҳбасхонаро риоя мекунад. Ягон сент аз хазинаи маҳбасхона хароҷот намешавад. Оё шахсе ки 1729 нафарро бовар кунонид, ки дониш омӯзанд, метавонад одами бад бошад? Албатта не! Ман ба хотири он омадам, ки ӯро аз маҳбас озод намоем ва директори мактаби маҳбасхонаҳо таъин намоем, ки дар он ҷо боз 160 000 маҳбус мебошад. Ин амал метавонад манфиати хеле калон орад, барои тамоми ИМА. Губернатор дар ҷавоб гуфт, ки: агар Шумо чунин фикр дошта бошед ва зарур шуморед, ман ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, ӯро озод менамоям. Масъала ҳал шуд ва ӯро озод кардам. Ин, албатта, хизмати худи Ҷаноби Б. буд, ки ӯ системаи ғоибонаи хонишро дар маҳбасхонаҳо ташкил карда, бо ин роҳ барои озодии худ калид сохт».

Сабаби аз ӯҳдаи ин кор набаромадани дигаронро Наполеон Хилл чунин шарҳ медиҳад: «Онҳо мафҳуми ин масоилро дарк карда натавонистанд».

Ҳама гуна муаммо роҳи ҳалли худро дорад, агар мо аз тарафи дурусти масоил наздик шавем ва дарки пурраи онро дар худ дошта бошем. Бинобар ин, фаромӯш набояд кард, ки фаъолияти роҳбарии Шумо ба ғайр аз худатон ва зердастонатон, боз шахсони сеюму чорумро низ бояд қаноатманд карда тавонад.
Новобаста аз вазифа ва мавқеъ ҳар як шахс вазифадор аст, ки масоилро пурра дарк карда тавонад, чунки худи фаъолияти инсонӣ онро талаб мекунад. Мисол, агар шаршара барои одами оддӣ овози форам ё мавзеи дилкаш бошад, барои донишманд ин пойгоҳи бунёди нерӯгоҳи барқӣ мебошад. Ин гуна мисолҳо дар ҳар як қадами мо вомехӯранд ва фақат онро дарк кардан лозим аст.

Дар ҳақиқат дар чунин укӯнуси пуртуғёни зиндагӣ ва мураккабии роҳбарӣ,
мо ҳар қадар донишманду хирадманд набошем ва худназоратӣ зоҳир нагардад,

пешина
аз 566
навбатӣ