Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Банда зиёда аз 22 сол дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон устод ҳастам ва нисбати касби устодӣ ва фанни дарсам «Менеҷмент»
дилбастагӣ дорам, ки агар соатҳои дароз дар ин мавзӯъ сӯҳбат ва мутолиа намоям, ҳеҷ аз лаззаташ сер намешавам. Махсусан, вақте ки шогирдонро мебинам, ки бо як ҳиссиёту завқи баланди ҷавонӣ маро гӯш мекунанд, бо ман ҳамфикр мегарданд, илҳомам даҳчанд мегардад ва аз дарси хеш боз самараи нав гирифта, бо сари баланд аз толор дар иҳотаи шогирдон мебароям. Хаёлам чунин аст, ки аз ман дида хушбахттар одам несту аз касбам дида бузургтар касберо намебинам.

Дар ҳақиқат, ҳар як кору фаъолият нозукиҳои олии худро дорад, ки барои шахсияти донишманду хирадманд ва бошуҷоат роҳи васеи чандинсола буда, нодон дар он ҳатто пайраҳаеро ҳам тай накардааст. Аз ин ҷо мебояд, ки инсон кадом касбу ҳунареро пеша кард, бояд онро бо як ҳиссиёти баланд дарк карда, дӯст дорад ва кӯшиш ба харҷ диҳад, ки устоди касбу ҳунари хеш гардад.
Дар он ҳолат мо гуфта метавонем, ки ба талаботи менеҷменти муосири тоҷик ҷавобгӯ ҳастем. Чӣ хеле ки бузургон таъкид доранд:
Бидон, ки олимону толибилмон, Ба пайғамбарҳои олам ворисонанд.

Донишманди бузурги рӯҳшинос Наполеон Хилл менависад, ки шахси донишманди касби хеш боқувваттарин инсон буда, метавонад ба чандин инсонҳои дигар кӯмаки калон расонад. Ӯ дар китоби бузурги худ «Закон успеха.
Думай и богатей»1 менависад: «Чанд сол пеш мо шартномае бастем, ки объекташ мол не, балки озодии шахсе буд, ки дар маҳбасхонаи штати Огайо -и ИМА ба мӯҳлати 23 сол ҳукм шуда буд. Маро барои хондани лексия ба маҳбусон даъват намуданд. Дар байни шунавандагон ман шахсеро дидам, ки ӯро 10 сол пеш ҳамчун соҳибкори ояндадор мешинохтам. Ман ӯро аз маҳбасхона озод кардам, ки ин ҳодиса дар тамоми рӯзномаҳои Амрико ба чоп расид.
Ҳодиса чунин сурат гирифт: Баъди ба анҷом расидани лексия, ман бо ин маҳбус ки ҷаноби Б меномамаш, сӯҳбат доштам. Маълум шуд, ки ӯро барои қаллобӣ ба мӯҳлати 23 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд. Нақли ӯро шунида ман қавл додам, ки ӯро дар мӯҳлати то ду моҳ озод менамоям!

1 Закон успеха. Думай и богатей. - Екатеринбург: Из — во «Лятур», 2004, 640с

пешина
аз 566
навбатӣ