Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
хуб», корхонаҳо, бонк, ташкилоту муассисаи худро, ки хоҳиши ташкил додан доред, бубинед. Ин оина рӯ ба рӯятон қарор дорад. Аз он самаранок истифода намоед. Дар баробари аз он дуруст ва самаранок истифода намудан ӯ равшантар шуда, бароитон боз ҷиҳатҳои зебову равшанро мунаввар гардонида, тамоми умр хизмат мекунад.
Албатта, шахси камсаводу бехирад вақте, ки ягон сохтмони азим, роҳкушоӣ ё дигар мақсадҳои стратегии бузургро мешунавад ё дар фаъолияти одамони хирадманду донишманд мебинад, бе ихтиёр «Ин ҳеҷ мумкин нест» гӯён дар тааҷҷуб мемонад. Вале вақте, ки ин сохтмони азим бунёд мегардад, боз аз худаш мепурсад, ки «Инро чӣ хел сохта бошанд?», яъне ин гурӯҳи одамон ҳатто рӯйдодҳои дидаашонро дарк карда наметавонанд, аммо роҳбари оқилу донишманд аллакай то барпошавии ин роҳ ё сохтмон дарки пурраи натиҷавии онро дорад.
Дар олам ҳазорон олимону донишмандону бузургоне кору фаъолият доранд, ки қобилияти баланди дарк ё тасаввури масоил ва имкони амалигардонии онро доранд. Пас талаботи хиради менеҷмент дар он мебошад, ки ҳар як роҳбар ин ганҷинаи ақлониро дуруст дарк намуда, аз хатоҳо ва камбудиҳои хеш огоҳ гардад ва бо истифода аз кормандони қобилияти баланди даркдошта кору фаъолият намояд ва боварӣ дорем, ки ин роҳ моро ба хазинаҳои тиллоӣ бурда мерасонад. Таърихи менеҷменти тоҷик чандин ҳодисаҳоро гувоҳ аст, ки мо бароитон дар боби 43-44-уми ҳамин китоб овардаем.
Агар ҳис намоед, ки қобилияти рӯҳию ҷисмониятон барои дарки масоил басанда нест, бо шахсе дӯстию ҳамкорӣ намоед ва ҳатто оиладор шавед, ки ӯ инкишофёфта буда, Шуморо нағз дарк ва дастгирӣ менамояд ва роҳбалад шуда метавонад. Чуноне, ки мо онро дар мисоли «Луқмони Ҳаким ва ҷавони соҳибкор» бароитон овардаем.
Дар бахши соҳибкорӣ, махсусан, дар соҳаи тиҷорат дарки хусусиятҳои хоси мол ва пешниҳоди он ба мизоҷон басо муҳим аст. Агар ҳисси баланди дарккунии молатон ё хизмататонро дошта бошед, он гоҳ онро чунон бо санъати воло муаррифӣ менамоед, ки дили истеъмолкунандаро реш - реш мегардонеду онҳо аз хизмататон ҳаловат мебаранд ва доимо дар талошу хоҳиши хизмати Шумо ё харидории молатон мебошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо