Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, шахсе ки роҳбар ва сарчашмаи ин ганҷинаи бузург аст, зарур мебоядаш ба худ боварии қавӣ дошта, мардумро аз қафояш бубарад.

Дарки масоили роҳбарӣ, ки дар пайвастагии якчанд фаҳмишҳо ва субъектҳои ақлонии ташкилот ба майдон меоянд, каме мушкилтар буда, дониши баланди касбӣ ва таҷрибаи роҳбариро низ талаб менамояд. Дар ин ҷода одамшиносӣ мавқеи асосӣ дошта, ҳамон роҳбаре бурд менамояд, ки қобилияти интихоби дурусти кормандон ва истифодаи қувваи ақлонии онҳоро аз рӯи хоҳиши ҳар яке онҳо дошта бошад. Татбиқи ин усулро дар илми менеджмент бисёртар бо роҳи Д. Карнеги қуллайтар медонанд: Тартиби фаъолияти Карнеги он буд, ки ӯ аввал масоилро дарк намуда, мақсади муайянро пеш мегузорад ва баъдан дар атрофи хеш одамонеро гирд меоварад, ки дониши кофӣ ва қобилияти амалигардонии ин мақсадро дар ҳақиқат доранд.

Д. Карнеги нақшаи амалигардонии ин мақсадҳоро на ҳама вақт худаш месохт. Вазифаи ӯ дарки масоиле буд, ки мехост ҳал созад ё худ истеҳсоли моле ва ё фаъолияте ки фоидаи зиёде биорад. Ӯ аниқ медонист, ки чӣ мехоҳад. Бинобар ин, одамонеро гирд меовард, ки ӯро мефаҳмиданд ва нақшаҳои ӯро амалӣ мегардониданд. Дар менеджменти муосири тоҷик чунин тартибот ба қобилияти баландтарини дарк бояд аз масъалаҳои муҳими роҳбарони тамоми зинаҳои идораӣ ва ҳар як соҳибкори тоҷик гардад.

Ривоят мекунанд, ки ҷавоне баъди хатми мактаби соҳибкорӣ ба назди Луқмони Ҳаким омада маблағи муайяне мегузорад ва хоҳиш мекунад, ки ӯро ба муддати як моҳ барои омӯзиши рафтори роҳбарӣ дастуре диҳанд ва ӯ тайёр аст, ки дар ин мӯҳлат чӣ коре Луқмон фармояд аз дилу ҷон ройгон иҷро намояд. Луқмон ин хоҳиши ҷавонро қабул мекунад ва баъди чанде омӯзиш, қобилияти баланди дарки масоил ва қиссаи ин ҷавон ба атроф паҳн мешавад ва идораи давлатии бонуфузе ӯро ба кор даъват мекунанд. Имрӯзҳо бошад ин ҷавон соҳиби ташкилоти калони байналхалқӣ буда, соҳиби эҳтирому обрӯи баланд аст.

Бояд гуфт, ки қобилияти дарки масоил ва эҷодкорӣ аслан дар овони ҷавонӣ пайдо гашта, ба ақидаи донишмандон то 40-45 солагӣ аллакай бояд натиҷаҳои худро диҳад. Аз ин хотир, агар дарки масоил ин оинаи ақлонии Шумо бошад, пас бояд ҳар чӣ зудтар ба он оина назар афканеду худро чи хеле, ки дидан мехоҳед бибинед. Ҳуқуқ доред, дар ин оинаи дарк «Зиндагонии

пешина
аз 566
навбатӣ