Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
беҳбудии худамон бошад, дидан намехоҳем ва аз нигоҳи мо сабаби тамоми ин бадбахтиҳо, камбизоатӣ, зулму ситам ва беадолатиҳои ҷамъияти имрӯза низ дар ҳамин мебошад. Агар мо ин қобилиятро дар ҳар як фарди соҳибақл дида метавонистему қабул ва дарди дили ӯро каме эҳсос мекардем, шояд ин камбудиҳои имрӯза дар ҷамъият хеле кам мешуданд. Банда боварии қавӣ дорад, ки нигоҳи роҳбари донишманду хирадманд ба кору фаъолият ва дарки он куллан аз камсаводону бехирадон фарқ дошта, моро дар мӯҳлати хеле кӯтоҳи умри ширинамон ба «Зиндагонии хуб» бурда мерасонад, чунки дар ин дунё ҳар як соати ҳаёт ғанимат мебошад ва ин масъаларо дар қисми 3-юми китобамон пурра шарҳ дода будем. Дар ин ҷо боз як бори дигар гуфтанием: Барои якдигар ҳадя фиристед, ки то афзун шавад меҳру муҳаббат.
Қобили зикр аст, ки талаботи қобилияти дарки масоил барои тамоми инсоният, махсусан, барои роҳбарон якхела буда, аз ҳар яке мо кӯшишу ғайрати зиёд ва дониш талаб менамояд. Барои он, ки роҳбари дигар ё муттахассиси коргоҳатон Шуморо дуруст фаҳмад ё онҳоро дуруст дарк созед, бояд баробари онҳо фаҳмишу дониш дошта бошед, яъне бо воситаи дарки шуур, фикру ақидаи роҳбар ба дигаре мегузарад ва он шахс ин ахборро қабул намуда, коркард мекунад ва истифода мебарад. Тамоми он ҳодисаву рӯйдодҳоро, ки дар гирду атрофамон мебинем ва дарк мекунем, ин маҳсули дарки масоили ягон шахси донишманд мебошад. Мо бо он ақидаҳои солим ризо буда, масъули онҳоро истеъмол намуда, ҳазоват мебарем. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки вақте ақидаи нав пайдо мегардад, кӯшиш менамоем, ки онро қабул накунем ё худ нагзорем, ки амалӣ гашта, самара диҳад. Банда бо боварии комил ва масъулият мегӯям, ки ин фақат рафтори камсаводону бехирадоне мебошад, ки дар онҳо на ҳисси инсонигарӣ ва на ҳисси миллатдӯстӣ вуҷуд дорад. Ин гуна бадхоҳон набояд садди роҳи ташаккули ҷомеаи башарӣ шаванд ва мову шумо ба он мақсадҳои некамон, ки фақат муруввату ростию хирад буда, барои инсоният манфиатбахш аст, мерасем. Таъкид бар он дорем, худро аз ин гуна бехирадон дур созед, бо шахсоне кору фаъолият намоед, ки Шуморо нағз мефаҳманду дарк мекунанд ва монандатон созандаю бунёдкор мебошанд. Аз нигоҳи менеҷмент низ, агар соҳибкорӣ «ташаккули одамӣ» бошад, пас ташаккул бояд бошуурона ва бохирадона бошад ва ҳазорон насли ояндаро бо роҳи рост ҳидоят карда тавонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо