Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Аз ин нигоҳ дарк карданро созандагӣ низ мегӯянд, чунки шахсе, ки дорои чунин қобилият мебошад, ҳатман чизи наве месозад ё худ ташкил менамояд, яъне ӯ ҳодисаҳо, далелу рақамҳо ва ақидаҳои илмию тадқиқотҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае меояд ва ҳатман варианти мураттабсохтаи худро пешниҳод менамояд, ки нақшаи нав, моли нав ва рафтори нав аст.
Хонандаи азиз! Мо ин мавзӯъро дар ин қисмати китоб ба он хотир овардем, ки дарк карда тавонистан ва чизи нав офаридан, яке аз талаботҳои беҳтарини хиради роҳбарӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз қобилияти дарки дурусти масоили мавҷуда метавонад роҳбарро аз роҳи нодуруст баргардонида, ба қуллаҳои баланди инкишоф расонад. Бояд гуфт, ки ин қобилиятро ҳар кас дар ботини худ ташаккул медиҳад ва мо фақат меваи онро мебинем, яъне қобилияти дарк карданро фақат шахсе соҳиб мегардад, ки дониши баланд ва ба худ боварии қавӣ дошта бошад. Усули даркро донишмандон дар шакли тасаввур ё инъикоси ҳодисаҳо қабул намуда, аксар дар чунин ақида мебошанд, ки агар асаби инсон қобилияти қабули фикрҳоро дошта бошад, он гоҳ қувваи мустаҳкамкунандаи он, яъне дарки масоил ин ахборро коркард карда, хулосаи зарурӣ мебарорад. Алакай пай бурдед, ки дарки масоил ягона сарчашмаи оби шифое мебошад, ки метавонад асаби Шумо ва худатонро аз ноумедиҳо нигоҳ дошта, ба ояндаи нек ҳидоят намояд. Аз ин ҷо инсон бояд заҳмат кашад, то ба ин дараҷаи инкишофи хеш бирасад ва боварӣ ҳосил намояд, ки ӯ ҳодисаҳоро назорат карда метавонаду ба дигарон низ дасти ёрӣ дароз мекунад.
Ҷараёни зиндагӣ чунин аст, ки ҳар замон метавонад ба Шумо ҳодисаву рӯйдодҳои нави ғайричашмдоштро пешкаш намояд, ки худатон бедарак мемонед, яъне Шуморо нотавонбинону бадхоҳон ба туҳмату буҳтонҳо гирифтор мекунанд, аз боигарии молию пулиатон ё вазифаатон маҳрум гардед ва ҳатто номардона шояд аз озодӣ низ маҳруматон кунанд. Танҳо як чизро аз Шумо ҳеҷ вақт ин гуна бадхоҳон гирифта наметавонанд ва ин ҳам бошад, боварӣ ва дарки масоил, ки дар вуҷудатанд ҳамчун оҳан қавӣ мебошад.
Бадбахтӣ ва нодонии аксари одамон низ имрӯз дар ҷамъият дар он мебошад, ки мо ҳанӯз ҳам қувваи маънои асосии дарк карданро дуруст сарфаҳм нарафтаем ва онро дар шахсиятҳои қобилиятнок шояд аз нотавонбинӣ ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо