Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мекард. Баъди илтиҷои зиёди оворагард Луқмон розӣ мешавад ва мегӯяд, ки Шуморо ба шахсе шинос мекунам, ки бароитон ёрӣ мерасонад, агар ба ӯ бовар кунед. Ва ӯро ба баромадгоҳи хона даъват менамояд, ки дар он ҷо оинаи калон буд ва оворагард худро пурра дар он оина медид. Луқмон гуфт, Худо хоҳад, ана ҳамин кас ба Шумо ёрӣ мерасонад ва ба акси худи ӯ, ки дар оина буд, ишора карда илова менамояд, ки агар ба ин шахс ту боварӣ дошта бошӣ, одами қадрдон мешавӣ! Дар ҳақиқат баъди чанд сол, вақте он шахс ба зиёрати Луқмон меояд, шахси тамоман дигари сарватманд ва соҳиби хонаву зану фарзанд гашта, ба Луқмон миннатдории зиёд карда, тӯҳфаҳо оварда буд.
Гуфтаҳои боло гувоҳи он мебошанд, ки хушбахтии ҳар як шахс дар дасти худи ӯ мебошад, яъне агар мо ба «Худ» боварии қатъӣ дошта бошем ва худро нощосем, ба ҳамаи муроду мақсадамон мерасем.
Тамоми гузаштагони мо, бузургони донишмандони тоҷик таъкид бар он менамоянд: «Худоро шинос, эй банда! Худоро шинос эй банда! Аз худ огоҳ бошед, эй инсонҳо! Аз худ огоҳ бошед, эй инсонҳо!»
Агар ту аз Худо огоҳ бошӣ, пас боварии қавӣ ба худ дошта, оламу адамро дарк карда, аз ӯҳдаи мақсадҳои олии гузошташудаи худ бо сарбаландӣ баромада, ба дигарон низ кӯмак расонида, дар ҷаҳон номи некӯ боқӣ хоҳӣ гузошт. Чуноне ки бузургон мефармоянд:
Ҳар он ки толиби илм аст умре,
Кафолат медиҳад ризқаш Худованд.
Пешвои ҳақиқӣ дар менеҷмент шахсияте мешавад, ки дар ҳақиқат «боварӣ»-и қавӣ дошта бошад.
46.3. Дарки масоили роҳбарӣ ва худназоратӣ дар
инкишофи менеҷменти тоҷик
Дарки масоил гуфта, қобилияти ақлонии шахсиятро, ки дар асоси ақидаҳо ва ҳодисаҳою рӯйдодҳо ва рақамҳои қаблан дастасоварда ба вуҷуд омадааст ва дар шаклу усулҳо ва тарзи навин пешниҳод гардида истифода мешавад, менамоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо