Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
дастони худро гум кардан, одамон боз намуди дигари фаъолиятеро фикр карда мебароянд, ки дар солими онро иҷро карда наметавонистанд.
Ё ин ки таҷрибаи соҳибкори амрикои Генри Форд, ки ҳар сол миллионҳо доллар даромади соф ба даст меовард ва боз ҳар сол онро давом медод, чунки ӯ аллакай ба қувваи Генри Форд боварии комил дошт ва ин бовариро бо мақсадҳои олии худ мустаҳкам карда, соҳиби молу мулки зиёде гаштааст. Агар шумо низ даромади бисёр ба даст овардан хоҳед, аз худ бисёр талаб намоед, чунки рӯҳшиносон дар он ақида мебошанд, ки инсон қобилияти худро пурра дарк карда наметавонад, то замоне ки он ба ягон омили ҳавасмандӣ бархӯрда, пайдо нагардад.
Чуноне, ки агар ғижжак дар дасти ғижжакнавоз афтад, бо якҷоягии сими ғижжакнавозию ҳунари ғижжакнавоз чунон садои дилхуше пайдо месозад, ки дили шуморо тасхир месозад ва ҳаловат мебаред.
Пас маълум мегардад, ки дар ботини ҳар як шахс завқияти баланд нисбат ба шуғле ё фаъолияте вуҷуд дорад ва зарур аст, ки ҳамон завқро роҳбар пайдо карда, берун барорад ва истифода намояд. Албатта, ҳеҷ кас намедонад, ки инсон боз кадом қувва ва завқи калонро қодир аст, то вақте ба фаъолият шурӯъ накунад. Бинобар ин, вазифаи ҳар як роҳбар пеш аз ҳама дар он мебошад, ки ба ҳамин қувваи бузурги кормандони соҳаи менеҷменти хил роҳ ёфта, онҳоро бедор кунад. Бояд гуфт, ки болобарории завқи корманд албатта, имконпазир буда, ба донишмандию хиради ҳар як роҳбар вобастагии калон дорад.
Ривоят мекунанд, ки шахсе назди Луқмони Ҳаким омада, арзи дил
мекунад, ки ман одами бадбахтам ва дигар хоҳиши зиндагонӣ надораму худро
мекушям, чунки зану кӯдакам аз ман ҷудо гаштанду ман худам бошам дар
кӯчаҳо оворагардам. Аз ин аҳвол дида хубаш, ки бимирам. Луқмони Ҳаким ба
чеҳраи ӯ нигоҳ карда мегӯяд: «Мебахшед, ман ба Шумо кӯмак карда
наметавонам!». Оворагардро рангу рӯяш сафед гашта, боз тавалло мекунад, ки
илтимос «Ба хотири Худованди пок» ба ман ёрӣ диҳед. Вақте ки чунин суханро
Луқмон мешунавад, мефаҳмад, ки ин мард дар дил боварӣ ба Худо дорад ва
аз ин аҳвол раҳо ёфтанаш имконпазир аст. Боз такрор мекунад, ки «Мебахшед,
ман ба Шумо кӯмак карда наметавонам!». Аммо оворагард боз зориву тавалло

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо