Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ман боварӣ дорам, ки ҳар як шахс агар нисбати худ серталаб бошад, ҳатман бо ҷустуҷӯи роҳ ва воситаҳо ба мақсадаш мерасад.

Ман нақшаи мақсадҳои 5 — солаи хешро кашидам ва самаранокии онро барои ҳар як давра муайян сохтаам.

Ман ҳамкориро бо дигарон пурзӯр намуда, аз донишу хиради онҳо истифода менамоям ва ҳаракат мекунам, ки онҳо барои ман кӯмак расонанд.

Ман фиребу дурӯғу рашку ҳасадро намепарастам ва ба зердастони худ низ намегузорам, ки дорои чунин хислатҳо бошанд.

Ман ба дигарон бовар карда, онҳоро водор месозам, ки ба ман бовар кунанд.

Ман ин гуфтаҳои болоро ҳар рӯз такрор намуда, дар худ формураи муваффақиятҳоро сохтаам, ки доимо бо ман буда, ба ман ёрии калон мерасонад.

Агар мувофиқи ин гуфтаҳо формула тартиб дода, Шумо аз болои одатҳои худ ғалаба намоед ва ба мақсадҳои хеш боварӣ пайдо кунед, он гоҳ метавонед ба мақсади олӣ бирасед, аммо агар андаке нобоварӣ ва сустиродагӣ дар қисмате зоҳир намуед, аз роҳи асосӣ баромада, раванди корро аз даст медиҳед. Ба ин хотир ба дониши худ боз боварии қатъӣ ворид созед, он гоҳ ба ҳамаи он монеаҳое, ки садди роҳи Шумо мешаванд, ғалаба менамоед.

Бояд гуфт, ки аксар маврид роҳбарон аз уҳдаи худназоратӣ набаромада, ба одатҳои бад гирифтор шуда, тамоми арзишҳоро аз даст медиҳанд: яке гирифтори майнӯшӣ, дигаре сигоркашӣ ва сеюмин ба бозиҳои завқӣ ва чорумин дилбохтаи хонумҳо ва ғ. мегардад. Сабаби ба ин одатҳо гирифтор шудани роҳбарон, аксар маврид пайваста иҷрои кори якхела ва реҷаи корие мебошад, ки асаби роҳбар пурра банд нест. Дар натиҷа баъзе роҳбарон аз мавқеи худ истифода карда, ба ин одатҳои бад даст мезананд. Пас барои халосӣ аз ин одатҳои ношоям зарур аст, ки ҳолатҳо ва реҷаи кориро тарзе тартиб диҳем, ки асаб тамоми вақт банд буда, ба натиҷаи он сахт ҳавасманд бошад. Аслан одат дар натиҷаи пайваста иҷро намудани ин ё он фаъолият мебошад. Хуб мешуд, ки чунин қобилияти асабро барои фикрронии мусбии фаъолият истифода барем. Таърих ва зиндагӣ шоҳиди ҳодисаҳое мебошад, ки ҳатто дар ҳолатҳои пойҳо ё

пешина
аз 566
навбатӣ