Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ба такрор мегӯяд, охир 1 сомонӣ барои модари беморам зарур аст, - гӯён матлабашро мефаҳмонад. Мӯйсафед ба ӯ бовар мекунад ва 1 сомонӣ бароварда медиҳад. Кӯдак хандакунон баромада меравад. Мӯйсафед баъдан андеша мекунад, ки ман пир шуда будаам, ки акнун як кӯдак маро фиреб дод. Албатта, дар ин ҳодиса қавииродагии кӯдак ва боварии ӯ ба худ имкон дод, ки ба мақсадаш бирасад.
Барои он ки Шумо дар фаъолияти роҳбариатон ба мақсади асосиатон расед, хуб мебуд доимо дар худ ташфиқот ё худбоварии зеринро зери лаб такрор намоед:
- Ман ба Худо ва тақдири хуби хеш боварии комил дорам.
- Ман ба худ боварии комил дорам, ки аз уҳдаи иҷрои мақсадам мебароям.
- Ман ба ҳамаи он одамоне, ки ҳамроҳи ман кор мекунанд, бовар дорам.
- Ман бо ҳамкорони худ аз дигар ташкилотҳо боварӣ дорам.
- Ман ба дониши худ боварӣ дорам.
- Ман боварӣ дорам, ки дар ин дунё ҳар кас мукофоти амалашро мегирад.
- Ман ҳаволаи шахсони бахилу ҳасадхӯрро ба Худо месупорам.
- Ман доимо кӯшиш мекунам, ки хуб меҳнат намоям.
- Ман аз дӯстони худ боварии калон дорам, ки маро дастгирӣ менамоянд.
- Ман ба ҳақиқат ва ғалаба боварии комил дорам.
Чунин қоидаи худбоварсозиро агар дар худ амалӣ гардонида тавонед, он гоҳ Шумо ба худ «Қалъаи мустаҳкаму каснораси боварӣ» барпо месозед, ки дар ҳама ҳолатҳо бароятон дастгири асосӣ мегардад.
Дар фаъолияти роҳбариатон хуб мешуд чунин пайдарпайии андешарониро барои пайдо намудани боварӣ ба худ риоя намоед:
- Ман ба ақида ва мақсадҳои худ боварии комил дошта, умеди онро дорам, ки онҳо ҳатман амалӣ гашта, натиҷаи мусбии дилхоҳ медиҳанд. Ва доимо дар фикри ман амалигардонии мақсадҳоям мебошанд.
- Қобилияти касбӣ ва ҳунарии ман барои амалӣ кардани мақсадҳои гузоштаам кифоягӣ мекунанд.
- Ман дар он ақида мебошам, ки боигарии аз ҳисоби фиреби дигарон ва муфт ба дастоварда поянда намебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо