Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мақсад қодиред, вале бо сабаби камҷуҳоат ва ё бовар надоштан ба худ онро амалӣ намегардонад. Бояд гуфт, ки инсон табиатан дар шакли физиологӣ ва ботинӣ, аз авлодони худ меросӣ илоҳӣ мегирад. Дигар ҷанбаи рафториро аз ҳолати иҷтимоии падару модар ва ҷомеа мегирад, яъне рафтору кирдори падару модар, шуурнокӣ ва дониш, ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои онҳо ва муҳити оилавӣ кӯдакро ба воя мерасонанд. Дар асабу тасаввури кӯдак ин омилҳои иҷтимоиро мо ҷой мекунем, бо роҳи донишомӯзӣ, панду насиҳат ва рафтори бевосираи худамон. Хоҳ нохоҳ ба кӯдак он бовар карда дар худ сохти рафторашро оҳиста-оҳиста месозад.

Бояд гуфт, ки асоси рафтори роҳбар пеш аз ҳама аз оила сар мезанад, ки мо онро дар мавзӯъҳои оянда васеътар дида мебароем. Ҳоло бошад фақат онро бояд карданием, ки мо бояд аз овони кӯдакӣ ба фарзанд қоидаҳои худбовариро тарбия карда, нагузорем, ки ӯ тарсончак ба воя расад. Инчунин, дар кадом коре, ки барои иҷро кардан ба ӯ мефармоем, бояд аз нигоҳи некӣ ва некбинӣ ба фарзанд таълим диҳем.

Аксари олимон дар он ақидаанд, ки «Дунё барои ҳар як фард аз чашм оғоз меёбад. Агар ба дунё бо чашми нек нигарем дунё нек аст, вале бад нигарем бад аст».

Албатта ҳолати молиявии оила ба фарзанд таъсири худро мерасонад, вале падару модароне ҳастанд, ки тамоми қувваро сарф мекунанд, то он ҳолатро фарзанд ҳис накунад.

Паҳлӯи дигари тарбия низ вуҷуд дорад, ки аксар маврид маблағи зиёди бедардимиён метавонад фарзандро аз роҳ бароварда ба хислатҳо ва одатҳои ношоям гирифтор намояд. Дар зиндагӣ метавон мушоҳида кард, ки дар оилаҳои сарватманд низ фарзандоне ба воя мерасонанд, ки дар набарди зиндагӣ тоб наоварда, муфлис мегарданд ё худ ба пояҳои баланди роҳбарӣ расида натавониста, сарсону саргардон зиндагонии қашшоқона мебаранд.

Яке аз омилҳои шуҷоатмандӣ ин худмаҷбурсозӣ мебошад. Дар ин ҷода мисолҳои бисёре овардан мумкин аст. Мисол, кӯдаки 6 солае аз мӯйсафеди дӯкондор хоҳиш мекунад, ки ба ӯ 1 сомонӣ диҳад. Мӯйсафед, ки асабонӣ буд, бо ғазаб кӯдакро ронда, ҷавоби рад медиҳад. Кӯдак боз даст дароз мекунад! Мӯйсафед чӯбро бардошта ба кӯдак таҳдид мекунад. Аммо кӯдак нотарсона боз

пешина
аз 566
навбатӣ