Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
фақат «10-20 дирам» арзиш доранд. Самти кори сарватмандону дигарон мебошад, ки меҳмонхонаро ба монанди хонаи истиқоматӣ оро медиҳанд ва қисми зиёди мизоҷонро ба худ ҷалб карда, соҳиби маблағи зиёд мегарданд. Ё ин ки Форд дар замони худ ба истеҳсоли «Автомобили арзон» мақсадгузорӣ карда, яке аз сарватмандтарин одами дунё гашт. Ё ширкати «Жилет» ба бехатарии олоти риштарошӣ мақсадгузорӣ карда, фаъолият менамояд, ки имрӯз аксари мардумони дунё, барои орои сару рӯи худ аз асбобҳои ин ширкат истифода мебаранд.
Агар ҳис кардед, ки ягон намуди фаъолият ё худ истеҳсоли молеро дар ҷаҳон нисбати дигар шахсон хубтар иҷро мекунед, кӯшиш намоед, ки онро ба мақсади «Олӣ»-и хеш табдил диҳед ва танҳо баъд аз он бевосита барои амалӣ гаштани он камари ҳиммат бандед. Дар ин маврид бузургон низ мефармоянд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Ба мақсади олии худ боварии қавӣ доштанатон ин гарави ба ғалаба ноил гашта мегардад. Мо дар ин ҷо он нуқтаро таъкид карданӣ ҳастем, ки ба коре ё касбе камари ҳиммат бандед, ки мувофиқи дилатон буда, онро бо хоҳишу завқи баланд иҷро намоед. Вақте ШУМО кор ё касби мувофиқи дилатон интихоб кардед, ин аллакай нишонаи мақсади Олӣ гузоштанатон мебошад ва бояд ин мақсад дар тамоми давраи ҳаётатон мавқеи аввалиндараҷа дошта, барои ба зинаҳои баланди хирад расонидани он ҳаракат намоед.
Мо аллакай се зинаи мақсадгузории асосиро барои Шумо пешниҳод намудем: аввалан орзую ҳавас; дуввум ба мақсад мубаддал гардонидани як орзуҳо; сеюм амалигардонии ин мақсадҳои Олӣ.
Ин мафҳумро агар дар шакли соддатар гӯем, «Орзуи Олӣ хонаи зебо сохтан, мақсад — нақшаи сохтмон ва хароҷотро кашидан ва захираҳоро пайдо кардан, амалигардонӣ — бевосита ба сохтмон шурӯъ кардан мебошад».
Мо боварӣ дорем, ки имрӯз дар Тоҷикистон тамоми шароитҳои ҳуқуқию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст, барои амалигардонии мақсадҳои олии ҳар яки мо.
Аксари мутахассисон дар он ақидаанд, ки аксар маврид бохти мо бо
сабаби боварӣ надоштан ба «худ» ба миён меояд, яъне шумо ба иҷрои ин ё он

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо