Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
бузургии қувваҳои ақлонии менеҷменти ташкилоташ ба якчанд тараф пош хӯрда, самараи мусбӣ намедиҳанд ва дар натиҷа ба заифшавии қудрати ақлонии менеҷмент ва билохира ба нобудшавии он оварда мерасонад.
Мақсади Олӣ ин монанди «Оинаи ҷилодиҳанда» буда, метавонад тамоми қувваро ба як нуқтаи асосӣ ҷамъ намуда «Гулхан» афрӯзад. Аз ин нигоҳ аксари донишмандони тоҷик, ки мо дар боби 44-ум фикру андешаҳои онҳоро дар мавриди хиради роҳбарӣ овардаем, ҳидоят бар он доранд, ки агар инсон тамоми қувваю ғайрати хешро барои иҷрои мақсади ягона равона созад, он гоҳ ба комёбиҳои бузург ноил мегардад. Аммо дар ин ҳолат низ муттаҳидшавии қувваҳои ақлонӣ мақоми калон дошта, аксари сарватмандони ҷаҳон, дар натиҷаи муттаҳидсозии ин қувваҳо ва ҳамкориҳо ба чунин муваффақиятҳо ноил гаштаанд, чунки танҳо имконоти худи Шумо хеле маҳдуд аст, вале дар ҳамкорию якутогӣ ин қувваи бузурги беохир аст. Ин ҳолат монанди фаъолияти дастаи футбол мебошад, ки як бозингар худаш танҳо ба мақсад расида наметавонад ва фақат ҳамон дастае ғалаба мекунад, ки қувваҳо бо ҳам муттаҳид карда шаванд.
Дар фаъолият ва муборизаҳои роҳбарӣ бояд муайян созед, ки ба кадом мақсад ин корро иҷро менамоед ва қоидаи системабандии қувваҳо аз чӣ иборат аст. Маҳз, вақте сухан дар бораи ба даст даровардани фоида — маблағҳои пулӣ меравад, ин ҳолат хеле ҳассос ва мураккаб аст, яъне қоидаҳои муайяни бамақсадрасӣ бояд аниқ бошанд. Инчунин, наҳаросида бошуҷоатона қарори идоракунӣ қабул намудан зарур аст, ки ин мақсад бо кадом қоидаҳо ва роҳҳо амалӣ мегардад ва чӣ хел натиҷагирӣ карда мешавад. Натиҷа бошад ҳатман бояд муҳокима ва баҳогузорӣ карда шавад. Барои он ки таҳлили дурусту мувофиқи мақсади худро баҳо дода тавонед, бояд натиҷаашро камаш бо натиҷаи фаъолияти 100 нафар соҳибкорон ё худ ташкилотҳое, ки мисли Шумо фаъолият доранду муваффақият ба даст овардаанд, муқоиса намоед. Танҳо дар он вақт Шумо дарк мекунед, ки оё ба муваффақият соҳиб гаштаед ё не, яъне аз рӯи қоидаи таҳлил метавонед муайян намоед, ки кадом омилро хуб ба инобат гирифтаед, кадомашро не ё кадом захираи истеҳсолӣ бартарӣ дошт ва дар куҷо ба хатоӣ роҳ додаед ва ғ. Аз ҳаёти соҳибкорон метавон мисолҳои бисёр овард, ки аз мақсадгузории «оддӣ» шуруъ карда, бо гузашти айём ба шахсони хеле сарватманд мубаддал мегарданд. Мисол, ташкили мағозае, ки дар он молҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо